Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУС САЛОМ МУХАММАД

АБДУС САЛОМ МУХАММАД

АБДУССАЛОМ (29. 1.1926, Чанг, Покистон – 21. 11. 1996 Окс­форд, Чанг, Покистон – 21. 11. 1996, Окс­форд, Британияи Кабир), физик- назариётчии покистони, дорандаи мукофоти Нобел (1979). Соли 1946 Коллечи давлатии Донишгохи Панчобро дар Лохур хатм намуда, ба Донишгохи Кембричи Англия дохил мешавад. Соли 1949 рисолаи магистри ва соли 1952 рисолаи док- ториро аз фанни электродинамикаи кванти химоя кардааст.

محمد عبد السلام‎Солхои 1951 – 54 профессор математикам Коллечи дав­латии Покистон, 1954 – 57 муаллими математикаи Донишгохи Кембрич, 1957 – 61 профессор кафедраи физикаи на- зариявии Коллечи империявии Лон­дон, 1961 – 64 мушовири Президенти Покистон оид ба илм, 1964 – 93 директори Маркази байналхалкии фи­зикаи назарияви дар Триест (Италия), хамзамон солхои 1964 – 75 узв ва 1971 – 72 раиси Кумитаи машваратии Созмони Милали Муттахид оид ба илм ва техника буд.

Аз миёнаи соли 1950 Абдуссалом оид ба назарияи у мумии таъсирхои фундаментали кор карда, дар муттахид сохтани назарияи элек­тромагнетизм бо таъсироти зур ва суст кушиш намудааст. Абдуссалом назарияи инвариантнокии Ш. Глэшоуро истифода намуда, соли 1968 (новобаста ба С. Вайнберг) назарияеро созмон дод, таъсироти суст ва электромагнитиро ба як таъсирот муттахид мекунад.

Абдуссалом нишон дод, ки барандагони таъси­роти суст заррахои зарядноки W+, W- ва заррачаи нейтралии Z0 хастанд. Абдуссалом барои ин асараш соли 1979 хамрохи С. Вайнберг ва Ш, Глешоу сазовори му­кофоти Нобели гардид. Абдусссалом инчунин бо мукофоти «Атом бахри сулх» (1968), медалхои «Максвелл»-и чамъияти физикии Лондон (1961), «Хюз» (1964), медали шохии Чамъияти шохии Лон­дон (1978), медали тиллои Ломоносови Академияи Илмхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР (1983) ва бисёр мукофотхои дигар сарфароз гардида­аст. Абдуссалом узви академияхои илмии бисёр давлатхо, аз он чумла узви хоричии Академияи Илмхои  Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР буд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.