МАБОХИС-УЛ-МАШРИКИЯ – (Бахсхо оид ба машрикият), аввалин асари машхури Фахруддини Рози. Соли 1342 дар Хайдаробод нашр шудааст.
Асар, ки масъалахои илохиёт ва табииётро дар бар мегирад, аз 3 кисм иборат аст. Кисми аввал аз категорияхои вучуд, имкон, мохият, вахдат ва касрат бахс мекунад. Дар кисми дуюми китоб, ки табииёт ном дорад, чавхар (чисм, нафс, акл) ва араз — камият (микдор), кайфият (сифат), макулоти нисби, иллат ва малул (сабаб ва натича), харакат ва замон тадкик шудаанд. Кисми сеюм илохиёги махз буда, баёни 4 масъала:
исботи хастии худо,
сифатхои он,
афъоли вай ва
зарурати набиро дар бар мегирад.
Асар дар пайравии «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино бо рохи истифодаи он таълиф шуда аст. Бо вучуди ин Фахруддини Рози дар андешахояш мустакил буда, баъзан ба нуктахои таълимоти Иони Сино эрод гирифтааст. Масалан у назарияи Ибни Синро дар бораи судур ва aкли фаъол рад карданист.