МАНГАН (аз лотини Manganum) – элементи химиявии гурухи VII системаи даврии Менделеев; раками ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазнини сафеди нукратоб. Як изотопи собит (55Мп) ва ду изотопи сунъи (82Мп, 5вМп) дорад. Манганро якумин маротиба олими швед Ганс (1774) дар натичаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт хосил намуд. Манган 0,1 %-и кишри Заминро ташкил мекунад. Ба таркиби бисьёр минералхо, силикатхо ва чинсхои кухи дохил мешавад. Аз минералхои Манган пиролюзит (МпОг), псиломелан, браунит (ЗМп20з MnSiO*) ва манганит (Мп2Оэ НаО) васеъ пахн шудаанд. Зичиаш 7200—7400 кг/м3; t гуд. 1245° С; t чуш. 2150° С. Дар пайвастхояш аз 2 то 7 (мусбат) валента мебошад. Бо афзудани дарачаи оксидшави хосияти кислотави ва оксидкунандагии пайвастхои Манган зиёд мешавад.
Пайвастхои Манган (II) баркароркунандахо мебошанд. Оксиди Манган (II) хосияти асосро дорад. Дар об ва ишкор хал намешавад, дар кислота халшаванда аст. Гидроксиди Манган Мп(ОН)3— моддаи сафеди дар об халшаванда. Пайвастхои Мп (IV) хосияти оксид (а) ва баркароркунандаги (б) доранд:
МпОа+4НС1 = МпС12+С1а+2Н20 (а) ЗМп02Ч-КСЮз + 6КОН = ЗКаМп04 + + КС1 + ЗН*0
Оксиди Мп (IV) ва гидроксиди Манган Мп (ОН)ч дар об хал намешаванд ва хосияти амфотери доранд. Намакхои типи К4Мп04 манганитхо номида мешаванд. Аз пайвастхои Мп (VI) кислотаи манганат ва намакхои он — манганатхо характерноканд. Кислотаи перманганат, ангидриди перманганат ва перманганатхо пайвастхои мухими Мп (VII) мебошанд.
Манганро дар саноат бо усулхои электролиз, алюминотермия ва электротермия хосил мекунанд. Манган ва пайвастхои онро дар истехсоли пулод ва дигар хулахо, андудахои зангназананда, элементхои гальвани, шиша, сафол, саноати рангубор, полиграфи, инчунин дар тиб (мас., перманганати калий ва г.) ва хочагии кишлок истифода мебаранд.