Маълумоти охирин
Главная / Биология / Юз (гепард)

Юз (гепард)

yuz

Юз, гепард (Асшопух jubatus), як навь чонвари даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологи мансуби оилаи гурбашаклхост. Дарозии танаш то 150 см, думаш то 75 см; баландиаш кариб 1 м. Чанголхояш калони кунд. Юз дар Африка, Осиёи чан. Гарби ва Осиёи Миёна (Туркменистан) зиндаги мекунад; чои зисташ бештар биёбонхои гилнок 9 чойхои сералаф аст. Гизояш асосан охуст; парранда ва хояндахоро низ мехурад. Юз ба туъма пинхони наздик мешавад ва баъд якбора давида (то 110 км/соат дар масофаи кутох) онро медорад. Асосан рузона ё шомгохон шикор мекунад. Давраи хомилагиаш 84—95 руз; 2—4 бачаи нобино мезояд. Юз нагз ром мешавад. Онро дар Хиндустон ва Эрон барои шикори оху истифода мебурданд. Юз алхол дар Осиё ва бисьёр чойхои Африка кариб пурра нест шудааст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …