Маълумоти охирин

ТУРУНЧ

ТУРУНЧ, турунг, утруч, утрунч, 1) мутк, цитрон, цетрат (Сitrus), бутта ё дарахти хурдест аз чинси citrus (оилаи судобхо). То З м кад мекашад. Шохаш хордор, баргаш дарозруяи думчадор, гулаш сафед, мевааш калон (дарозиаш 12 —14 см, бараш 8 —10 см), дарозруя, гирда е кулчашакл, пусташ хеле гафс (2—5 см), зарди лимуранг, баъзан норанчи, хушбуй, камоби турш ё нордон. Турунчи худруй маълум нест. Онро дар  мамлакатхои тропики ва субтропики мепарваранд. Аз турунч мураббо мепазанд. Ба нихоли турунч лиму, афлесун, норанчро пайванд мекунанд.

turunj

Аз баргу гул ва пусти турунч равгани эфир мегиранд. Турунч шифобахш аст. Чолинус (Гален), Беруни ва Абуали Сино шифобахшии онро зикр кардаанд. Масалан, Сино равгани пусти турунчро барои табобати фалач, шарбати турши онро хангоми зардпарвин тавсия медод. Мураббои он ба шушу гулу муфид аст. Турунч хафаконро бархам медихад. Абуали Сино аз турунч мархам тайёр намуда, кубо (лишай)-ро табобат мекард. Ниг. низ Ситруспарвари. 2) Турунчмуруд, утрунчнок (Рyrus  ussriensis, як навъ дарахти калонест аз чинси нок (оилаи настаранихо). То 12 м кад мекашад. Шохи гафсаш хокистарранг, навдахояш чигари ё сурхтоб, мугчааш калон (дарозиаш то 0,4 см). Баргаш дандонадори байзашакл ё гирда (дарозиаш то 13 см, бараш 6,5–9 см), хушагулаш 10—12-гула, гулаш сафед, хосилаш сабэранг, холхои сафед дорад, серобу сершира, ширин. Мохи май гул мекунад, мевааш сентябр—октябр мепазад. Асосан дар боготи мавзеъхои Зарафшон ва Хисору Дарвоз мепарваранд.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …