Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихиест, ки ба калами Абдуллохи Балхи мансуб буда, солхои 1597—98 ба забони точики (дар Бухоро) таълиф шудааст ва вокеахои таърихиро то охири асри 16 дар бар мегирад.
Вокеахои таърихии дар асар тасвирёфта маълумоти моро доир ба таърихи водихои Хисор, Бахш, Каротегин, Бадахшон, шахрхои Конибодом, Хучанд ва Уротеппа дар давраи истило ва хукмронии сулодаи Шайбониён пурратар мегардонанд. Дар сарчашмахои таърихии дастрас нами вилояте, ки тобеи шахри Вахш бошад, дучор нагардида буд. Дар «Том-ут-таворих» шахри Вахш, «Калъаи Вахш», вилояти тобеи он «Вахшвар» зикр меёбад. Дар «Том-ут-таворих» аз таърихи истилои Шайбонихон, горатгарии лашкариёни у, харобшавии шахру дехот, муборизаи мардонаи мардуми калъаи Хисор бахри озоди, аз тарафи лашкари Шайбониён зеру забар шудани калъаи Дабусия (1500), толон гаштани музофотхои Хучанд, Шохрухия то лаби оби Чирчик (1502) ва гайра маълумоти зиёде хаст.
«Том-ут-таворих» барои омухтани таърихи Осиёи Миёна, хусусан Точикистон ахамияти калон дорад.
Адабиёт: Мухторов А., Аз паи таърихи кухан. Душанбе, 1975.
А. Мухторов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.