Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ТИЁНШОН

ТИЁНШОН

ТИЁНШОН (ба хитои — Куххои Осмонбус, номи туркиаш — Тангритог), системаи кухист дар Осиён Миёна ва Маркази, ки байни 40° ва 45° аз шарк, 67° ва 95° то шарк вокеъ гаштааст. Кисми гарбиаш дар худуди СССР (кисми калонаш дар РСС Киргизистон, каторкуххои шимоли ва гарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Казокистон, шохахои чанубу гарбиаш дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон ва Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон), кисми шаркиаш бошад, дар территорияи Хитой чойгир аст. Аз Гарб ба Шарк ба масофаи 2450 км тул кашидааст. Тиёншони совети дар Шимол бо системаи кухии Алатови Чунгар ва Етисув (Хафтруд), дар Чануб бо водии Фаргона хамхудуд аст. Баъзе географхо (масалан, Л. С. Берг, И. П. Герасимов, А. М. Алпатев, Э. М. Мурзаев ва дигарон) системаи кухии Хисору Олойро низ ба Тиёншон мансуб медонанд. Тиёншони Шарки дар Шимол бо хамии Чунгария (Дарвозаи Чунгария) ва дар Чануб бо хамии Тарим хамшафат аст.

2
Каторкуххои Тиёншон асосан ба самти арзи ё наздик ба арзи тул кашидаанд. Баландтарин куллахои Тиёншони Маркази—Галаба (7439 м) ва Хонтангри (6995 м) дар сархади байни СССР ва Хитой вокеъ гаштаанд.
Иклими куххои Тиёншон умуман континентист, вале бинобар мураккабии релеф, хеле баланд будани бисёрии каторкуххо, экспозицияи нишебихо ва вобаста ба мавкеи географии каторкуххо харорат ва нами дар хар чо хар хел аст. Дар чойхои аз 1500—3000 м баландтар микдори боришоти солона зиёда аз 800 мм. Харорати миёнаи июл дар водихои нисбатан паст 20—25°С, дар водихои баландиашон миёна 15—17 С, дар водихои баланд 5—10°С, дар куххои баланд бошад 0°С ва аз ин хам пасттар аст.
Хати барф дар шимолу гарби Тиёншон аз баландихои 3600—3800 м ва дар маркази он аз баландихои 4200—4450 м мегузарад. Барфхои бисёрсола ва пиряххо бисёранд (калонтаринашон пиряхи Инилчек дар Тиёншони Марказист). Масохати умумии пиряххо 10,2 хазор км2 (80%-аш дар терреторияи СССР). Марказхои калонтарини пиряххо банди кухи Хонтангри, Алатови Терскей ва Кукшалтов мебошанд.
Аз Тиёншон дарёхои калон — Сир, Чу, Или ва Тарим ибтидо меёбанд. Ин дарёхо оби худро ё ба кулхои биёбони мерезанд ё дар биёбонхо хушк мешаванд.
Аз сарватхои зеризамини дар куххои Тиёншон мис, сурб, металлхои нодир ва махсусан ангиштсанг фаровон аст. Аз конхои металлхои ранга кони миси Олмалик, Консой, конхои сурби Ачисой машхуранд. Аз конхои Курама волфрам ва марги муш, аз Каротов фосфорит истихроч мекунанд.
Дар кисми советии Тиёншон 5 мамнуъгох — Иссиккул, Алмаато, Оксу-Чабагли, Саричалак, инчунин курукхои бешазори кухии Чаткал ва гайра мавчуданд. Дар бораи хочаги ва иктисодиёти Тиёншон нигаред маколахои Республикаи Совети Сотсиалистии Киргизистон, Республикаи Совети Сотсиалистии Казокистон ва Райони автономии уйгурхои Синцзян.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …