Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ РУШНОИ

ТЕХНИКАИ РУШНОИ

ТЕХНИКАИ РУШНОИ, як сохаи илму техникаро гуянд, ки бо тадкики принципхо ва эчоди тарзхои хосилкуни, азнавтаксимкунии фазои, ченкунии хусусиятхои шуоъафкании оптики (рушнои) ва табдил додани энергияи рушнои бо дигар намудхои энергия машгул аст. Техникаи рушнои инчунин масъалахои такмили конструкторию технологии мавбаъхои рушои, асбобу олоти рушноидиханда, шуоъафкананда, сигналдиханда, системаи идораи манбаъхои рушнои, масъалахои мукаррар намудани меъёр, лоихакаши, чихозони ва ба моддаю организмхои зинда таъсир расонидани рушноии сунъию табииро меомузад.

791

Дастгоххои Техникаи рушнои аз руи таъиноташ рушноидиханда, сигналдиханда ва шуоъафкан мешаванд.
Техникаи рушноии кинематографи ва Техникаи рушноии бинокори низ мавчуданд. Техникаи рушноии кинематографи масъалахои гуногуни татбики рушиниро дар хамаи мархилахои процесси кинематографй хал карда, Техникаи рушноии кинонаворгири (бо тадкики манбаъ, асбобу афзори рушноидиханда ва татбики он дар кинонаворгири машгул аст), Техникаи рушноии нусхабардории филмхо (барои аппаратхои филмнусхабардор системахои рушноидиханда ва асбобхои рушноиченкунандаро кор карда мебароранд) ва Техникаи рушноии кинопроекция (баланд бардоштани сифати намоиши филмхо, сарфакори хангоми истехсоли онхо ва содда кардани хизмати дастгоххои кинопроекциони) -ро дар бар мегирад. Техникаи рушноии бинокори як кисми физикаи бинокори буда, конуниятхои дар бинохо пахн ва таксимшавии энергияи рушноии Офтоб ва манбаъхои сунъии рушнои, хосиятхои оптикии масолех ва конструкцияхои бинокори, таъсири рушнои ба намои хона чихатхои эстетикии рушнои дар меъмории бинохои чамъияти, майдону хиёбонхои шахр ва гайраро меомузад. Он инчунин усулхои окилонаи лоихакаши ва сохтани бинохо, конструкцияхои рушноишаффоф, василахои офтобпанох ва асбобу дастгоххои рупноидихандаро дар бар мегирад.
Б. Наврузов, Т. Чураев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …