Маълумоти охирин

СУЛУК

СУЛУК (араби           чамъи—рохрав, марди рох, сафаркунанда), дар тасаввуф, зинахои сайри рухии суфиёнро гуянд, ки барои бо рохи кашфу шухуд ба хакикат ва маърифати ирфони расидан тай мекунанд. Сайру Сулук аз чумлаи одобу русуми тасаввуф буда, дар он солик пас аз таййи рукни аввали он — шариат, ба зинаи дуюм — тарикат рох меёбад. Дар ин мархила соллик барои такмилу тачдиди худ бо саъю мучохида силсилаи зинахаи меърочии равонгаро, ки иборат аз макомот ва хол (ахвол) аст, тай мекунад ва ба гояти камолоти худ — хакикат мерасад. Баъд у ба маърифати ирфони мепардозад ва тавассути мушохида ба дарачаи хулул мерасад, ки он охирин зинаи маърифати тасаввуф — фано ва бако ба шумор меравад.

Бино ба акидаи мухаккикони тасаввуф солик зимни тайи зинахои мухталифи сайру Сулук дарачахои мухталифро низ аз сар мегузаронад. Дарачаи аввали онро муриди номидаанд, ки дар он суфи равиш ва муршиди худро интихоб менамояд. Баъд ба дарачаи солики мерасад, ки дар он суфи ба тасфияи калбва камолоти ботини мепардозад. Дарачаи сеюмро мачзуб меноманд, ки дар он суфи камоли рагбати худро барои расидан ба хакикат мепайвандад ва нихоят, ба дарачаи чахорум — мутадаррик мерасад, ки нуктаи интихоии сайру Сулук ба шумор меравад.

Чараёнхои гуногуни тасаввуф зинахои саиру Сулукро ба таври гуногун таъбиру таъвил намудаанд. Аксари онхо рохи такомули суфиро аз шариат, тарикат, хакикат ва маърифат иборат медонанд. Зинахои мазкур ниходи ирфони дошта, мохияти илми надоранд.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.