Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

skobelev

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич (29. 9. 1843, Петербург — 7. 7. 1882, Москва), ходими харбии рус, генерал аз инфактерия (1881). Аз оилаи офисер. Баъди хатми Академияи Штаби генералии Николаев (1868) уро дар рутбаи штабс – ротмистр ба Окрути харбии Туркистон фиристоданд. Соли 1872 ба Штаби генерали таъин мегардад, соли 1873 дар рутбаи подполковник хангоми юриши Хева ба отряди Манкишлок дохил мешавад. Дар фуру нишондани шуриши Хуканд (1873—76) иштирок кард. Соли 1875 Скобелевро ба ихтиёри генерал- губернатори Туркистон мефиристанд.

  Соли 1876 ба Экспедитсияи илмии Помиру Олой рохбари намуд. Аъзоёни он доир ба Помир ва водии каторкуххои Олой маколахои чолиби диккат навиштанд, коллексияи энтомологи чамъ карданд. Аз феврали 1876 губернатори харбии вилояти Фаргона таъин шуда, дар Осиёи Миёна сиёсати мустамликадории мутлакиятро чори кард. Иштирокчии чанги Россияю Туркия (1877—78). Солхои 1878—80 фармондехи корпус буд. 1880—81 Экспедитсияи дуюми харбии Ахалтекянро рохбари кард.

                                                                                       Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.