Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САРХАДХОИ ДАВЛАТИ

САРХАДХОИ ДАВЛАТИ

САРХАДХОИ ДАВЛАТИ, хаттеро гуянд, ки худуди территорияи давлатро муайян мекунад. Сархадхои давлатии хушки ва оби бо мувофикати байни давлатхои марбута мукаррар мешавад. Маросими муайян намудани сархад 2 мархала дорад: мувофики шартнома муайян намудани самт ва мавкеи сархад (делимитасия) ва мукаррар намудани сархад дар махал (демаркасия).

sarhad

Сархадхои бахрие, ки обхои территориявии давлати дар сохил чойгиршударо аз бахри кушод чудо мекунанд, аз тарафи органи конунбарори давлати сохили дар худуди обхои территорияви (дар арзи аз 3 то 5 мил) мукаррар мешавад. Сатхи амудии сархадхои обию хушки сархади хавои ва каърии давлат хисоб меёбад. Сархадхои давлати, ки аломатхои сархади доранд, дахлнопазир мебошанд. Барон таъмини дахлнопазирии Сархадхои давлати давлатхои хамхудуд коидаи муайяни сархадиро мукаррар мекунанд, ки дар он тартиби нигох доштани хатти сархад ва инчунин коидаи гузаштан аз он баён меёбад. Бо максади мухофизати Сархадхои давлати дар вилоятхои сархади коидаи махсуси сархади чори мегардад, ки он аз тарафи органи конунгузории дохили ва бо мувофикати давлатхои хамхудуд бароварда мешавад. Мувофики Низомнома дар бораи мухофизати сархади давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР, ки Укази Президиуми Совети Олии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР аз 5 августи 1960 («Ведомостхои Совети Олии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР», 1960, № 34, сахифаи 324) тасдик намудааст, Сархадхои давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР бо аломатхои дидашавандаи сархади (сутунхои сархади, пирамидахо, теппахо, сангтуда, аломатхои руиоби ва гайра) нишон дода мешавад. Дар баъзе чойхои алохидаи хатти худуди берунии обхои территорияви, ки дар бахр Сархадхои давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР хисоб меёбанд, нишонахои руиоби ва дигар нишонахо гузошта мешаванд. Дар дарёхои сархади Сархадхои давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР дар мобайни дарё ва ё дар яке аз шохахои калонтарини резишгох, дар дарёхои сархадии киштигард дар чои чукури кищтигарди дарё, дар кулхо бошад дар васати кул ё хатти росте, ки сархадхои сохили кулро ба хам мепайзанданд, мукаррар карда мещавад. Дар баъзе холатхо Хукумати Совети дар территорияхои обию хушкии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР минтакахо ва хатхои сархадиро бо режими сархади мукаррар менамояд. Обхои территорияви одатан ба минтакахои сархади дохил мешаванд. Дарёхо ва кулхои сархади (бо чазирахо) зери назорати катъии кушунхои харбии сархади мебошанд. Танзими хаматарафа ва амики низоъхои сархади дар асоси розигии тарафайн ахамияти калон дорад. Дар тачрибаи муносибатхои байналхалки чунин низоъхо тавассути комиссарони сархади бархам дода мешаванд. Вазифаи онхо аз тафтиш ва халли масъалаи вайрон кардани сархад (ба гайр аз се масъалае, ки халли он муносибати дипломатиро талаб мекунад) иборат аст.
Адабиёт: Курс международного права, том 3, Москва. 1967.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …