Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ

САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ

САМАНДАРХОЧАИ ТИРМИЗИ Хоча Самандар, Мухаммадбако (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррих ва адиби асри 17 точик. Аз хаёт ва фаъолияти Самандархочаи Тирмизи маълумот хеле кам аст. Аз руи гуфтахои худаш дар «Дастур-ул-мулук» ва мувофики ахбори тазкираи Малехои Самарканди Самандар тахаллуси у буда, номи аслиаш Мухаммадбако, зодгохаш Хонакох (хозира pайони Хисори РСС Точикистон) аст. Чавонии Самандархочаи Тирмизи дар сафархо гузаштааст. Самандархочаи Тирмизи солхои 1685, 1693, 1695 дар газовоти Абдулазизхону Субхонкулихон ба мукобили хоразмтхою саркардагони Балх иштирок кардааст. Баъд аз ин чанд сол дар Карши (Насаф) зиндаги кардааст. Самандархочаи Тирмизи дар ин чо ду маротиба ба вазифаи раисатпанохи Карши таъин шуда буд. Вале аэ тухмати зиёде мачбур шуд то охири умр гушанишин гардад.
Фаъолияти адабии Самандархочаи Тирмизи дар Карши огоз ёфтааст. Тамоми осори адабию таърихии худро дар асари машхураш «Дастур-ул-мулук» чой додааст, ки он ба адибону муаррихони баъдина таъсири зиёд расонидааст. Малехои Самарканди дар навиштани тазкирии худ «Музокир-ул-асхоб» ва муаллифи «Гулшан-ул-мулк» — муаррихи аввали асри 19 Мухаммидяъкуб
ба «Дастур-ул-мулук» такя кардаанд.
То имруз се нусхаи дастхати «Дастур-ул-мулук» маълум аст, ки яке дар китобхонаи Институти шаркшиносии АФ СССР, дутои дигар дар китобхонаи Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон нигох дошта мешавад. Ин асар соли 1971 дар Москва ба забони руси нашр шудааст.
Ад.: М и р з о е в А., Новый источник по литературе Ирана Сефепидсиого периода, дар кит.: «Труды двадцать питого между на под кого конгресса востоковедов», т. 2, М., 1963:Ходжа Симандар
Т е р м е з и. Дастур-ул-мулук, М., И171.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.