Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАФЕИ Боряк

ШАФЕИ Боряк

ШАФЕИ Боряк, (тав. 1932, вил. Лагмони Афгонистон), шоир ва ходими чамъиятии афгон. Шафеи яке аз мактабхои шабонаи Кобулро хатм карда, бо рохи таълими хусуси донишашро такмил додааст. Дар Вазорати иттилоот ва култур, ж-хои «Паёми хак», «Нандори»,- «Жвандун» радиои Афгонистон ва Кобул-нан-дори (Театри Кобул) вазифахои гуногунро ба ухда дошт. Шафеи хануз аз чавони бо махфилхои мутаракки, халкаи озодихохон робитаю хамкори карда, аз онхо сабади сиёси мегирифт. С. 1967 аз кор дар даврахои расмии режими салтанати даст кашида, ба фаъолияти сиёси огоз намуд. Хамон сол мудири масъули ж. «Халк» — ношири афкори пешкадами Партияи демократии халки Афгонистон буд. Шафеи аз огози фаъолияти сиёсиаш дар умури созмондихи ва таблиги идеологияи синфи коргар дар дохили партия кор карда, айни замон вазифаи муншии вил. Кобулро низ ба чо меовард. 27 апр. 1978 бо чанд тан аз рохбарони партия хабс шуда, хамон руз бо ёрии нерухои инкилоби озод гардид. Чанде вазири иттилоот ва култури Афгонистон буд. Холо узви Комитети Маркази ва мудири масъули рузномаи «Хакикати Инкилоби Савр» мебошад. Шафеи на танхо ходими сиёсию инкилоби, балки яке аз суханварони намоён ба шумор меравад. Шафеи дар колабхои анъанави ва ба тарзи навин шеър мегуяд. У яке аз буньёдгузорони шеъри нав буда, дар ин соха пайравони зиёд дорад. Аввалин мачм. ашъораш «Ситок» (1963). Мачмуахои диг. «Шахри хамоса» (1967), «Шайпури инкилоб». Дар шеърхои у хаёт ва муборизаи халки захматкаши Афгонистон барои озоди, дустию бародари, сулху амнияти чахон тараннум гардидааст. Эчодиёти шоир бо хаёти халк пайванди ногусастани дорад. Ашъораш дар матбуоти Иттифоки Совети, Эрон ва Покистон тарчума ва нашр шудааст. Намунан шеърхои у дар мачм- «Мушоира» (ба хуруфи араби, 1967) ва мачмуаи шеърхояш бо номи «Давронсоз» (1982) дар Точикистои ба табъ расидаанд. Шафеи дар бораи театр в а вазифахои актёр маколахо навиштааст. Лауреати Мукофоти Рахмонбобо.

З. Ахрори.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.