Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ АБУХАФСИ СУГДИ»

«РИСОЛАИ АБУХАФСИ СУГДИ»

«РИСОЛАИ АБУХАФСИ СУГДИ» аввалин фарханги тафсирии забони точики-форсии дари, ки ба мо нарасидааст. Таъли- фаш тахминан ба нимаи якуми асри 10 (рост меояд. Азбаски дар фар- хангхои «Мачмаъ-ул-фурс»-и Сурури ва «Фарханги Рашиди» аз «Рисолаи Абухафси Сугди» чанд иктибос овардаанд, гумон меравад, ки он то асри 17 ба фархангнависон дастрас будааст. Аз иктибосхо бармеояд, ки « Рисолаи Абухафси Сугди » шархи калимахои точики — форсии дари ва мисолхои аз ашъори шоирони Мовароуннахру Хуросон (Рудаки, Абухафси Сугди, Мунчик ва дигар)-ро дар бар мегирифтааст. Бехтарин ва эътимодноктарин фархангхои форси-точики («Лугати фурс»-и Асадии Туси, «Сихох-ул-фурс»-и Мухаммад ибни Хиндушохи Нахчувони, «Фарханги Чахонгири», «Фарханги Ра- шиди» ва гайра) аз руи принсипхои « Рисолаи Абухафси Сугди » тасниф шудаанд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.