Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИКИ»

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИКИ»

«РИСОЛА ДАР ИЛМИ МУСИКИ» рисолаи мусики, таълифи Махмуд ибни Мухаммади Нишопури (1842). «Рисола» аз мукаддима ва 5 боб иборат аст. Дар мукаддима муаллиф аз макоми илми мусики сухан ронда, ба устодони пешини ин илм сипосгузори мекунад. Фасли аввал «Дар баёни 12 парда» (маком) буда, аз дувоздах макоме, ки дар Хуросон маъмул буд: «Рост», «Мухолифи Рост», «Ирок», «Мухолифак», «Хусайни», «Бузург», «Исфахон», «Модда», «Буслик», «Наво», «Нахованд», «Ушшок» маълумот медихад. Фасли дуюм «Баёни 12 парда, шаш овоза, 24 шуъба», ки аз тарзи истихроч ва макони макомхо, алокаи макомхо бо бурчхои фалак ва аз муносибати овозаю шуъбахо бахс мекунад. Фасли сеюм «Дар баёни бонгхои мусики» буда, дар хусуси 18 бонги мусики ва тартиботи бонги макомхои алохида маълумот медихад. Фасли чорум «Дар таъини макомхо» буда, аз хусуси махалли ичрои макомхо, барои кадом тоифаи мардум мувофик будани ин ё он маком, нигох доштани низом дар вакти ичро ва дигар масъалахо бахс мекунад. Фасли панчум масъалахои риояи ахлоки хунарвари, вобаста ба холат ба гуруххо чудо кардани сомеон, вобаста ба пеша, шавку хавас, мизоч ва гайра инти- хоб намудани мусикиро дар бар мегирад. Як нусхаи рисола дар Шуъ- баи ленинградии дастнависхои шаркии Академияи Фанхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР тахти раками С 612 (ЛЛ 27 6-28 б) махфуз аст.
А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.