Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ ГАБОН

РЕСПУБЛИКАИ ГАБОН

gabon1

РЕСПУБЛИКАИ  ГАБОН (НориЬН-Чие СаЬопа1зе), Габон, давлатест дар Африкаи Маркази. Ба Иттиходи Франсия дохил аст. Дар Шимоли Гарб бо Гвинеяи Экватори, дар Шимол бо Камерун, дар Шимоли Шарк, Шарк, Чануби Шарк ва Чануб бо Республикаи Конго хамсархад мебошад. Онро аз Гарб укёнуси Атлантик ихота кардааст. Масохаташ 267,7 хазор километр. Ахолиаш 1,2 миллион нафар. (1982). Пойтахташ шахри Либревиль. Аз чихати маъмури ба 9 район чудо шуда, онхо ба округу коммунахо таксим гардидаанд.

Сохти давлати. Конститусияи хозираи республика феврали 1961 кабул шудааст. (солхои 1967 ва 1968 ба он тагйирот дохил карда шуд). Сардори давлат ва хукумат — президент, ки уро ахоли ба мухлати 7 сол интихоб мекунад. Президент, ноиб-раис ва аъзоёни хукумат — Совети Вазирон дар назди парламент масъул намебошанд. Парламент — Мачлиси миллии якпалатаги ба мухлати 5 сол интихоб мешавад. Системаи суди: Суди оли, суди апеллятсиони ва судхои инстансияи якум.

Табиат. Республикаи  Габон  дар зонаи бешахои экватори ва субэкватори вокеъ гардидааст. Кисми дохилии Республикаи  Габонро куху пуштакуххо фаро гирифтаанд. Куххои Шайю, ки дар кисми марказии Республикаи  Габон   вокеанд, аз хама баландтаранд (кухи Ибунчи, 1580 метр). Дар шимол гарбтари онхо куххои Булурин (кухи Дана, 1000 метр) тул кашидаанд. Дар Гарб, кад-кади сохили укёнуси Атлантик пастии хамвор (бараш то 200 километр) вокеъ аст. Сарватхои зеризамини: маъдани манган, уран, маъдани охан, нефт, газ ва гайра. Иклимаш гарми сернам, дар Шимол— экватори, дар Гарб ва Чануб— субэкватори. Харорати миёнаи июл 22—24°Селсия, апрел 25—27*Селсия. Боришоти солона 1500—2000 миллиметр, дар минтакаи сохили то 2500—3000 миллиметр. Дарёхо бисёр ва пуробанд. Дарёи калонаш Огове. Бисёр дарёхо ва поёнобашон киштигарданд. Такрибан 80%-и территорияи  Республикаи  Габонро бешахои анбухи хамешасабз фаро гирифтааст. Хокаш зарди сурхчатоби латерити. Дар бешахо бисёр дарахтони киматбахо вомехуранд. Минтакаи сохилро бешахои мангра пушидааст. Олами хайвоноташ бой ва гуногун: фил, шохбарзагов, чанд хел оху; дарран-дахо — паланг, кафтор; маймунхои одамшакл — горилла ва шимпанзе; дар дарёхо бахмут, тимсох; парранда, морхои гуногун ва хашарот (аз чумла пашшаи сесе) бисёр аст.

Ахоли. Ахолии Республикаи  Габон   асосан аз халкхои бантузабон: бакеле (баняби), фанг, мпонгве, бакота, батеке иборат аст. Халкхои мака, баконго, бавили ва дигар низ зиндаги мекунанд. Аз европоихо асосан франсавихо (такрибан 20 хазор нафар) хастанд. Забони расми — франсави, аммо кисми зиёди ахоли ба забонхои фанг, баняби ё ин ки ба забони бакота гап мезанад. 42%-и ахоли католик, 23% протестант, 34% пайрави дину оини анъанавии кадима, 1% мусулмон. 20%-и ахоли дар шахрхо истикомат мекунад. Шахрхои калон: Либревил ва Порт-Жантиль.

Маълумоти таърихи. Таърихи кадима ва асрхои миёнаи Республикаи  Габон   пурра омухта нашудааст. Ахолии кадимтарини мамлакат, зохиран, пигмейхо буданд, дертар ба ин сарзамин халкхои банту омаданд. Асрхои 18—19 кабилаи аз шимол омадаи фанг ахолии тахчоиро ба чануб танг карда баровард. Дар давраи ба мамлакат рох ёфтани европоихо (аз хама пеш соли 1485 бахрнавардони Португалия рох ёфтанд) халкхои Республикаи  Габон  давраи тамаззули сохти авлодиву кабилави ва ташаккули муносибатхои синфиро аз сар мегузарониданд. Гуломфурушони Европа (Португалия, Франсия, Голландия, Англия) ва Америка хануз дар асри 16 Республикаи  Габонро дар Африкаи Экватори ба яке аз манбаъхои асосии шикори гуломон табдил доданд. Франсавихо соли 1849 дар сохили чапи халичи Габон аввалин бошишгохи худро бунёд намуда, ба истилои мамлакат шуруъ карданд. Халкхои Республикаи  Габон   ба истилогарони фран-сави мукобилати сахт нишон доданд. Муборизаи зидди мустамликадорон то Чанги якуми чахони давом кард. Республикаи  Габон  аз чихати маъмури аввал як кисми Конгои франсави буд, аз соли 1886 вохиди алохидаи маъмури шуд; соли 1903 расман колония (солхои 1910 —58 дар хайати Африкаи Экватории франсави буд) эълон карда шуд. Дар давраи мустамликадори Республикаи  Габон   ба манбаи асосии ашёи хоми Франсия тадбил ёфт. Кисми зиёди мамлакат ба ширкатхои Франсия бо рохи консессия таксим карда дода шуд. Дехкононро ба кишти зироати экспортшаванда (кахва, какао, чормагзи замини) мачбур мекарданд. Ахоли берахмона истисмор карда мешуд.

Баъди Чанги дуюми чахони харакати миллии озодихохи муташаккил ва оммави гардид. Солхои 40—50 аввалин партияхои милли (Блоки демократии Габон, Иттифоки демократи ва сотсиалии Габон, Партияи ягонагии миллии Габон ва гайра) ва иттифокхои касаба таъсис ёфтанд. Дар шароити таназзули системаи мус-тамликадори  Франсия ба як катор гузаштхои сиёси мачбур шуд. Соли 1946 Ассамблеяи территорияви, соли 1957 Совети хукумати (аввалин дар мамлакат хукумате, ки дар он африкоиён иштирок доштанд) таш-кил шуд. Соли 1958 Республикаи  Габон  ба мухторияти дохили сохиб шуда, аъзои Иттиходи Франсия гардид. Худи хамон сол мамлакат республика эълон карда шуд. Феврали 1959 конститутсияи аввалини он кабул гардида, мувофики он Совети хукумати ба Совети Вазирон, Ассамблеяи территорияви ба Ассамблеяи конунбарор табдил ёфт. 15 июли 1960 хукумати  Франсия мачбур шуд бо хукумати Республикаи  Габон    оид ба эътирофи истиклолияти Габон ахднома бандад. 17 августи 1960 истиклолияти Республикаи  Габон   эълон карда шуд. Сентябри 1960 Республикаи  Габон    аъзои ТДМ гардид. Феврали 1961 конститутсияи нав кабул карда шуд ва пешвои партияи хукмрон — блоки демократии Габон Л. Мба президент гардид. Сиёсати зиддидемократии дохилии хукумати Мба (таъ-киби оппозитсияхои сиёси, зери назорат гирифтани фаъолияти иттифокхои касаба ва дигар ташкилотхои чамъияти, махдуд намудани озодии матбуот) вазъиятро дар мамлакат нихоят тезу тунд кард. 18 феврали 1964 армия бо дастгирии куввахои оппозитсиони хукумати Мбаро сарнагун кард. Ба сари Хукумати муваккати пешвои Иттифоки демократи ва сотсиалии Республикаи  Габон    Ж. И. Обама омад. Мба бо ёрии кушунхои франсави хокимиятро боз ба даст овард. Дар мамлакат таъкибот сар шуд. Баъди вафоти Мба (ноябри 1967) президенти нав А. Бонго мохи марти 1968 таъсис ёфтани Партияи демократии Республикаи  Габонро эълон намуд.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Партияи демократии Г а б о н (таъсисаш 1968). Ягона партияи хукмрон. Ташкили дигар партияхо манъ карда шудааст. Маркази ягонаи иттифокхои касаба — К о нфедерасияи иттифокхои касабаи Габон («таъсисаш 1969).

Хочаги. Захирахои табиии Республикаи  Габон    бой ва гуногун аст. Дар давраи мустамликадори иктисодиёти мамлакат муддати дароз танхо барои истехсоли чуби киматбахо (барои экспорт) махсус гардонида шуда буд. Аз охири солхои 50 дар мамлакат истихрочи сарватхои зеризамини сар шуд ва саноати кухкори ру ба таракки ни- ход. Республикаи  Габон   дар чахони калиталисти аз руи истехсоли маъдани манган яке аз чойхои аввалро ишгол мекунад. Xочагии кишлоки он асосан характери натурали дошта, шахрхо ва марказхои саноатиро бо хуроквори пурра таъмин карда наметавонад. Дар хочагии кишлок хочагихои хурди дехкони бартари доранд. Хамаги 127 хазор гектар замин кишт карда мешавад. Зироати асосии экспортшаванда: кахва ва какао; як кисми чормагзи замини ва мурч низ экспорт мешавад. Ба гайр аз ин маниок, банан, чуворимакка, шоли, нахли равгандех, таро, ямс парвариш мекунанд. Аз сабаби са- росар пахн шудани пашшаи сесе чорводори суст таракки кардааст. Аз укёнуси Атлантик мохи, наханг сайд мекунанд. Шикор инкишоф ёфтааст.

Саноат. Сохаи асосии иктисодиёти Республикаи  Габон   саноати кухкорист, ки танхо барои экспорт махсулот мебарорад ва зери назорати ширкатхои хоричи мебошад. Аз минтакаи сохили ва шелфи хамшафати он нефт ва гази табии, ширкатхои гуногуни хоричи ба микдори зиёд манган, тилло маъдани охан ва уран истихроч меку- нанд. Саноати чубгари дар иктисодиёти мамлакат ахамияти дуюмда- рача дорад. Корхонахои ин соха аз навъи дарахтони киматбахо тахта, фанери аълосифат тайёр мекунанд. Дар республика чанд ГидроЭлектро Стансияи хурд кор мекунад. Дар Республикаи  Габон, гайр аз корхонахои калони саноати, корхонахои хурд хам нихоят бисёранд. Автомобил наклиёти асоси мебошад; дарозии роххои автомобилгард кариб 7,2 хазор километр; дарозии роххои наклиёти оби зиёда аз 1700 километр. Бандархои калони бахри: Порт-Жантил ва Либревил. Дар Либревил ва Порт- Жантил аэропортхои байналхалки вокеъ гардидаанд. Республикаи  Габон  ба хорича асосан нефт, маъдани манган, уран, чубу тахта, кахва, какао, чормагзи замини бароварда, аз хорича мошин ва тачхизоти воситахои наклиёт, ху- роквори, металл, газвор мегирад. Шарикони тичоратиаш:           Франсия, Штатхои Муттахидаи Америка,  Республикаи Федеративии Германия ва Британияи Кабир.

Нигахдории тандурусти. Дар солхои 1960—61 ба 1000 нафар ахоли 35 таваллуд, 30 фавт рост омад; фавти кудакон ба 1000 кудаки навзод 229 нафар буд. Дар мамлакат табларза, нагзак, саратони чигар ва гайра пахн шудааст. Соли 1967 дар муассисахои табобатии мамлакат 4,8 хазор кат (10,1 кат ба 10.000 ахоли) буд. Ба гайр аз ин 4 амбулатория, 1 поликлиника, 25 маркази нигахдории тандурусти, 90 диспансер кор мекард. Соли 1967 80 духтур (1 духтур ба 5,9 хазор ахоли), 2 духтури дандон, 12 фармасевт, 38 акушер, 175 хамшираи тибби ба ахоли хизмат мерасонд.

Маориф. То давраи ба даст овардани истиклолият 77% ахолии аз 14- сола боло бесавод буд. Таълими бачагони 6—16-сола хатмист. Мактабхои хусуси зери назорати давлатанд. Зинаи аввали таълим аз богчахои бачагона сар мешавад. Соли 1967 дар муассисахои томактаби зиёда аз 600 кудак тарбия ёфт. Мухлати тахсил дар мактаби миёнаи пурра (литсей) 7 сол, дар мактаби миёнаи нопурра (коллеч) 4 сол. Дар базаи мактабхои ибтидои литсей ва мактабхои техники амал мекунанд. Таълим ба забони франсави. Мактаби оли надорад. Кадрхои дорои маълумоти оли дар хорича тайёр карда мешаванд.

Матбуот, радио, телевизион. Агентии расмии ахбороти Республикаи  Габон    соли 1961 ташкил шудааст. Он чандин бюлле- тен ва чанд газетаю журнал нашр мекунад. Бонуфузтарини онхо: «Бюлтен котиден дэнформасон» («ВиИеЫп ОиоШгёп й 1шогтаПоп», «Габонд дожурдюи» («ОаЬоп б аид- оиг4’Ьи|»); журнали «Журнал офисел де ла Рецюблик Габонез» («1оигЬа1 ОШс1е1 де 1а НериЬНцие СаЪопадае»). Системаи радио ва телевизион давлатист. Либревил ва Порт-Жантил стансияхои телевизион доранд.

Санъати халки. Кандакории чуб, аз устухони фил тайёр кардани хар гуна маснуот, бурёбофи, бофандаги ва гайра аз кадим дар байни халкхон Республикаи  Габон    маъмул мебошад. Аз чуб тарошидани хайкалчахои гуногун, бо тахтахои мис рукаш намудани мучао самачахо — «мбулу-нгуму» хусусиятхои милли доранд.

РЕСПУБЛИКАИ  ГЕЛОН республикае, ки дар натичаи харакати озодихохии милли, ки солхои 1918—22 дар Гелони Эрон ба вучуд омада буд. 4 июни 1920 дастахои мусаллахи инкилоби аз чангалхои Фуман ба маркази музофоти Гелон — шахри Рашт омада, онро ишгол намуданд. 5 июн Гелон республика эълон карда шуд. Хукумати муваккати ва бо сардории Мирзо Кучакхон Шурои хифзи инкилоб таъсис ёфта, чунин программаро пешниход кард: баркарор на- мудани республика дар Эрон, аз эътибор сокит донистани хамаи шартномахои ноодилонае, ки давлатхои империалисти ба гардани Эрон бор карда буданд, аз Эрон баровардани кушунхои Англия, чори кардани баробархукукии миллатхо, иттифок бастан бо Россияи Совети, баркарор кардани хочагии мамлакат, гузаронидани ислохоти демократи ва «хифзи ислом». Дар Гелон Фронти ягонаи милли ташкил ёфт, ки он намояндагони буржуазияи точир, заминдорони хурду миёна, коргарон, муздурон, коммунистонро муттахид мекард. Дастахои мусаллахи халки Гелон ва як кисми Мозандаронро (то шахри Борфуруш) ба даст дароварданд. Хукумати Кучакхон аз вусъати ре-волютсияи мехнаткашон ба вахм афтода, нагузошт, ки он инкишоф ёбад. Ба замми ин дар сафи Партияи Коммунистии Эрон унсурхои чап катъи назар аз вазъияти мамлакат, фавран гузаронидани ислохотро талаб мекарданд. Ин ва боз баъзе хатоихои дигар боиси парокандашавии (июли 1920) Фронти ягонаи милли гардид. Кучакхон аз хокимият даст кашид. 31 июли 1920 бо сардории Эхсонуллоххон хукумати нав ташкил ёфт, ки онро коммунистон дастгири намуданд. Ин хукумат сиёсати зиддифеодалиро пеш гирифт. Он 31 август бе тайёрии зарури ба Техрон лашкар кашид ва шикаст хурд. Коммунис- тон аз ин сиёсати Эхсонуллоххон норози шуда, истеъфои уро талаб намуданд. Аввали маи 1920 мачлиси якчоя бо иштироки намояндагони Кучакхон, Эхсонуллоххон, ХалуКурбон ва Партияи коммунисти дар бораи баркарор намудани Фронти ягонаи милли карор кабул кард. Хукумати Эхсонуллоххонро 8 маи 1920 хукумати нав (Комитети инкилоби) иваз кард, ки Кучакхон сардораш буд. 4 августи 1921 Гелон Республикаи Совети эълон гардида, чунин программаро пешбини кард: ба дехконон таксим карда додани заминхои мусодирашудаи заминдорони калон, ташкили армияи ягона, ба маркази муборизаи зидди шох ва империалистони англис табдил додани Гелон, баркарор кардани муносибати дустона бо Давлати Совети ва гайра. Комитети инкилоби барои бехтар гардондани вазъи маориф, хифзи тандурусти, таъминоти ичтимои (таълими  бепул, махви бесаводи, сохтани богчахои бачагон, беморхонахо ва гайра) тадбирхо андешид. Иттифокхои касабаи коргарон ташкил ёфтанд. Вале бунёди Фронти ягонаи милли устувор набуд. Баъди муддате чанд ихтилофи дохилии он аз нав кувват гирифт. 29 сентябри 1921 Кучакхон рохбарони Партияи коммунистиро хоинона ба катл расонда, табаддулоти аксулинкилоби гузаронид ва ташкилотхои коммунистиро торумор намуд. Дар Гелон чанги граждани сар шуд. Хукумати шох аз ин истифода бурда, бо сардории Ризохон ба Гелон лашкар кашид. 2 ноябри 1921 Ризохон Раштро ишгол намуд ва Республикаи  Гелон  бархам хурд. Инкилобчиён ба чазои сахт гирифтор шуданд.

Адабиёт: И в а н о в М. С., Национально- освободительное движение в Иране, Москва, 1961; История Ирана, Москва, 1977.

Т. Мухиддинов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …