Маълумоти охирин
Главная / Илм / Петрография

Петрография

Петрография (аз юн. реtros— сайт ва …графил), илмест дар бораи чинсхои кухи, таркиби минерали ва химиявии онхо, структура ва тексту­ра, шароити чойгиршави, конунияти пайдоиш, тагйирёби ва пахншавии чинсхои кухи дар кишр ва руи Замин. Петрография ба силсилаи илмхои геологи мансуб буда, бо минералогия, гео­химия, вулконшиноси, тектоника, стратиграфия ва таълимот оид ба сарватхои зеризамини зич алоцаманд аст. Петрография аз руи типи чинсхои кухии омухташаванда ба Петрографияи чинсхои куухии магмави, метаморфи ва тахшини ё литология чудо мешавад. 95% кишри Замин аз чинсхои кухии маг­мави ва метаморфи (то чукурии 16—20 км) таркиб ёфтааст.

Петрографияи чинсхои магмави чинсхои кухии кристаллиеро меомузад, ки дар натичаи хунукшави на кристаллбандии магма хосил шудаанд. Петрографияи чинсхои мета­морфи чинсхои кухиеро, ки таркиби пештараи минерали ва химиявии худро тагйир додаанд, тадкик мекунад. Инчунин чинсхои кушии байни тахшини ва магмави хастанд, ки таркиби онхо аз моддахои магмави иборат буда, тарзи пайдоиш ва ша­роити чойгиршавиашон ба чинсхои кухии тахшини монанд аст.

Усулхои тадкикоти петрографи гуногунанд. Хангоми тадкикоти сахрои намуди чинсхои кухи, шароити чойгиршави, синни чинсхо, алокамандии онхо бо чинсхои кухии атроф, таркишхо, чойхои бахамрасии чинсхои кухии гуногун ва тагйирёбии онхо омухта мешаванд. Яке аз усулхои асосии тадкикоти петрогра­фи дар лабораторияи ба воситаи микроскопи поляризатсиони омухтани шлифхои (пардахои тунуки) чинсхои кухи мебошад. Чинсхои кухиро бо усулхои тахлили химияви, рентгеноструктури, спектри, термики, муайян кардани синни мутлак ва резонанси термоядрои низ тадкик мекунанд. Дар омухтани чинс­хои кухии тахшини баъзе усулхои махсус (тахлили механики, муайян кардани фауна, тадкики хусусиятхои физики ва гайра) татбик карда мешаванд.

Дар просесси тадкикоти экспериментали бошад, дар лабораторияхои махсус чинсхои кухиро тавассути харорат ва фишори баланд гудохта, тарзи пайдоиши онхоро меомузанд. Дар асоси тадкикотхои геологии сахрои, лаборатори ва экспериментали дар хусуси пайдоиши чинсхои кухи ва ахамияти амалии онхо хулоса мебароранд. Холо Петрография ба петрохимия, петрофизика, петротектоника (нетрологияи структури), физикию химияви, техники ва кайхони барин кисмхо чудо мешавад. Петрографияи кайхони метеоритхо, чинсхои кухии мох ва дигар сайёрахоро меому­зад. Гарчанде дар асархои Абуали ибни Сино, Абурайхони Беруни, М. В. Ломоносов ва дигарон оид ба чинсхои кухи ва пайдоиши онхо баъзе мулохизахо мавчуд бошанд хам, танхо дар миёнахои асри 19, баъд аз он, ки барои омухтани чинсхои кухи микроскопи поляризатсиониро татбик намуданд (олимони англис Г. К. Сорби ва немис Ф. Сиркел), Петрография аз геология чудо шуда, илми мустакил гардид.

То татбики микроскоп чинсхои кухиро ба 3 навъи асоси — магмави, тахшини ва метаморфи чудо карда буданду бас. Тадкикоти микроскопи имконият дод, ки таркиб ва сохти чинсхои кухи муфассал омухта шаванд. Оид ба пайдоиш ва сабабхои гуногунии чинсхои куухи фикру мулохизахои мухталиф пайдо шуданд. Олими немис К. Г. Розенбуш асоси систематикаи чинсхои кухиро пешниход кард. Олими рус Е. С. Фёдоров (18ЭД) усули нави тадкикоти микроскопи – теодолитии минералхоро ихтироъ намуд, ки холо онро усули Фёдоров меноманд. Летрографхои совети Ф. Ю. Левин­сон-Лессинг таснифи химиявии чинс­хои магмави, А. Н. Заваритский асосхои петрохимия, Д. С. Белянкин петрографияи техники, Д. С. Коржинскин ва В. С. Соболев масъалахои пайдошии чинсхои метаморфи, С. С. Смирнов, Ю. А. Билибин ва Х. М. Абдуллоев масъалахои алокаи маъдану чинсхои кухиро тадкик кар­данд. Солхои охир усулхои омузиши форматсионии чинсхои кухи .(Г. Д. Афанасев, В. С. Коптев-Дворииков, Ю. А. Кузнецов), тадкики муфасса- ли петрографй, минералоги ва петрохимиявии комплексхои алохида, чинсхои кухии кадимтарини каъри Замин ва чинсхои кайхони хеле инкишоф ёфт.

Омузиши Петрографияи чинсхои магмави ва метаморфии Точикистон аз солхои 30 ба муносибати тадкикот­хои геологии экспедитсияи Помири АФ СССР сар шуд. Дар ин соха хизмати В. А. Николаев, Б. Н. Наследов, Т. И. Иванова, Е. Д. Полякова, Н. К. Морозенко, И. К. Никитин, X* М. Аб­дуллоев, М. X. Хамидов, И. В. Белов, А. Т. Тарасенко, Е. Н. Горецкая, И. В. Мушкпп, Р. Б. Баротов, С. М. Бобохочаев, А. Х. Хасанов ва дигарон калон аст. Дар сохаи Петрография асосан институтхои тадкикоти илмии АФ СССР, идораю управленияхои Вазорати геологияи СССР ва республикахои иттифоки, донишкадахои оли тадкикот мебаранд. Дар Точикистон институти геоло­гияи АФ РСС Точикистон, факултети геологияи УДТ ва гайра бо тадкикоти петрографи машгуланд. Соли 1952 дар назди Шуъ­баи илмхои география ва геологияи АФ СССР Комнтети байниидоравии петрография ташкил ёфт, ки он дар хар республика шуъбае дорад. Аз соли 1953 ин чониб дар хар 4—5 сол як бор мачлиси машваратии умумииттифоки ва регионали барпо мегардад. Асархои илмии сохаи Петрография дар серияхои геологии «Маърузахо» ва «Ахборот»-и АФ СССР, инчунин дар журнали «Геологияи совети» ва гайра нашр мешаванд.

Ад.: Л е в и п с о н-Л е с с и и г Ф. Ю., Набр. труды, т. 4— Петрография. М.. 1955; Заварицкий А. Н., Изверженные горные породы. М., 1961; Саранчи на Г. М., Шинкарёв М. Ф., Петрология магматических в метаморфических по­род, М., 1973; Баратов Р. Б., Итоги и перспективы изучения магматизма, ме­таморфизма и металлогении Таджикис­тана. «Изв. АН Таджикской ССР», Отд. физ-мат. и геол-хим. наук, М 1, 1976.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …