Маълумоти охирин

Партитура

Партитура (аз лотини parlio — чу­до мекунам), дар нота якчоя сабт кардани хамаи овозхои асархои мусикии вокали, сози ва вокалию созиро гуянд, ки дар он партияи овозхо (5 созхо) сатр ба сатр чой гирифтааст. Хар як зарб ва хиссаи гуногуни он дар хамаи партияхо болои хам гузошта шудаанд. Партитура имкон медихад. ки созхои ичрошавандаи хамаи партияхо дар мадди назар бошад.

Партитура нимаи асри 16 дар Италия пайдо шуда, бо мурури замон шакли асосии сабти асархои мусикии бисёровоза гардид. Ба машшокон ва сарояндагон барои ичрои партияхо хиссаи худа­шонро навишта медиханд (ё нашр мекунанд), дирижёр (хормейстер) бошад, хангоми машк ва ичрои асар аз Партитураи мазкур истифода мебарад. Тадричан дар Партитура овозхоро бо тартиби муайян чойгир кардан расм шуд.

Дар Партитураи вокали (хори) овозхо аз боло ба поён, мувофики тесситураи онхо (сопрано, алт, тенор ва бас) чой мегиранд. Дар Партитураи оркестри симфони партияи сохахои мусики мувофики гуруххо (дар хар гурух аз руи баландии овоз) чойгир мешаванд (аз боло ба поён): созхои на- фасии чуби, нафасии миси, зарби, арфа, созхои камончадор. Партияхои созхои якканавози, овозхои вокали ва хор дар байни партияхои арфа ва созхои камончадор чойгир меша­ванд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …