Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Осиёи Маркази

Осиёи Маркази

Осиёи Маркази, кишвари табииест дар китъаи Осиё. Масохат кариб 6 миллион километр2. Сархади Осиёи Марказиро дар Шимоли чанубии Хингани Калон ва каторкухи Тайханшан, дар Чануб пастхамии тектоникии болооби дарёхои Хинд ва Брадмалутра (Сангпо) ташкил медиханд. Канорхои гарби ва шимолиаш то каторкуххои Казокистони Шарки, Олтой, Саяни Гарби ва Шарки (такрибан то сархади байни СССР ва Республикаи Халкии Хитой, Республикаи Халкии Мугулистон) кашол ёфтаанд. Дар Осиёи Маркази кисми зиёди Хитой ва Республикаи Халкии Мугулистон чой гирифтаанд. Ахолиаш: мугулхо, хигоихо, уйгурхо- тибетихо ва гайра.

Релефи Осиёи Марказиро хамворию пахнкуххои синну баландихояшон гуногуне ташкил медиханд, ки онхоро каторкуххои баланд ихота кардаанд. Аз чихати геоморфологи тамоми Осиёи Марказиро ба 3 минтакаи аз Fарб ба Шарк тул кашида таксим мекунанд: 1) Шимоли, минтакаи кухи, ки системаи куххои Тиёншон, Олтойи Мугул, Хангай ва Хэнтейро дарбар мегирад. Дар байни куххо пастхамии фарохи Чунгария, хамии кулхои Калон ва гайра чой гирифтаанд. 2) Мобайни, минтакаи хамворихо, ки аз сатхи бахр 1—1,5 хазор метр баланд аст (пастхамихои Гоби, Та­рим ва гайра). Пастхамии Тарим биёбони Такла-Маконро дарбар меги­рад. 3) Осиёи Марказии  Баланд — кухсори Тибет, ки дар он баландихои 4—5 хазор-метра бештаранд. Системам куххои калонтаринаш: Кунлун дар Шимол, Карокурум дар Fарб, Гандисишан дар Чануб ва куххои Чину Тибет дар Шарк Дар куххои Тиёншон, Карокурум ва Кунлун куллахо то ба в—7 хазор метр мерасанд.

Сарватхои зеризаминии Осиёи Маркази пур­ра омухта нашудаанд. Дар шимоли гарби Хитой конхои калони нефту ангиштсанг, дар Республикаи Халкии Мугулистон  ангиштсангу ангишти бур ва маъдани охан ёфт шу­даанд. Осиёи Марказиро аз металлхои нодир ва ранга, намаки ош ва дигар сарватхои зеризамини бой аст.

Иклими Осиёи Маркази нихоят континенти ва хушк аст. Харорати миёнаи январ дар хамворихо аз —10 то —25° Селсия, июл аз 20 то 25° Селсия (дар кухсори Ти­бет кариб 10° Селсия). Боришоти солона дар хамворихо аз 200 миллиметр зиёд нест, дар баъзе нохияхо (биёбони Такла- Макон, Гашун, Гоби, Сайдам, пуш- такухи Чангтан) 50 миллиметр; дар каторкуххо 300—500 миллиметр; дар Чануби Шарк аз таъсири муссонхои тобистона то 1000 милиметр. Шамолхои сахт мевазанд.

Пиряхдои ва чандон калон асосан дар баландтарин банди куххои Карокурум, Кун­лун, инчунин Тиёншони Шарки ва Олтойи Мугул мавчуданд. Дарёхои калони Осиё: Хуайхэ, Янсзи, Меконг, Салуин, Брахмапутра, Хинд, Иртиш, Селенга, Амур аз куххои капори Осиёи Маркази cap шуда, оби худро ба укёнус мерезанд. Масохати хавзаи обхои дохили хеле калон аст. Як кисми дар- ёхои ин чо то кулхо кашол меёбанд, оби кисми дигарашон дар биёбонхои регзор катъ мегардад ё пурра ба обёрии заминхо сарф мешавад. Дарёхои доимии ин нохия: Тарим, Хутан, Оксу, Кончидарё, Урунгу, Манас, Кобдо, Дзабхон. Кулхо бисёранд. Оби бештари онхо шур, аз кулхои шириноб калонтаринашон: Хараус-Нур, Баграшкул, Хубсугул.

Хоки территорияи Осиёи Маркази бештар чигарранг, хокистаррангу бур ва гайра. Шурзаминхо ва такирхо бисёранд. Набототаш биёбонию нимбиёбони ва дашти. Асосан растанихои буттаги — загоза, чузгун, рента, чорубак, ковилу типчок ва гайра меруянд. Дар нишебии шимолии куххо бешахои сузанбарги дарахтони ладен, коч, шарбин, дар водии дарё ва вохахои наздикухи тугайзори дарахтони санчид, сафедор, ангат, дар сохили обанборхо наю камишзорхо дида мешаванд. Олами хайвоноти Осиёи Маркази : гажгов, бузу гусфанди кухи (дар кухсори Тибет), шутур, гурхар, аспи Пржевалский, гизол, заргуш, сугур, курмуш; аз даррандагон — рубох, гург ва гайра.

Тадкики мунтазами илмии Осиёи Маркази аз асри 19 cap шуд. Дар ин бобат хиссаи сайёхону тадкикотчиёни рус, махсусан Н. М. Пржевалский ка­лон аст. Пржевалский чойхои то хол номаълуми Осиёи Марказиро омухт. У пиёда ва аспсавору шутурсавор беш­тар аз 30 хазор километр рохро тай намуд. Асархои Н. М. Пржевалский барои омухтани табиати Осиёи Маркази низ хеле мухим буданд. Дар давоми чор саёхати худ (1870-—8о) у масохати бузургеро аз куххои Тиёшион дар Fарб то каторкухи Хингани Калон дар Шарк, аз Забайкалия дар Шимол то миёнахои Тибет дар Чануб тадкик кардааст.

Вай каторкуххои то он вакт номаълумро кашф кард, бисёр кулхо, инчунин болооби дарёхои Хуанхэ ва Янсзиро тадкик намуд, аввалин харитаи ани­ки чойхои тайкардаашро тартиб дод. Тадкикоти Осиёи Марказиро сайёхони рус давом доданд. П. К. Козлов каторкухи то хол номаълумеро дар байни бо­лооби дарёхои Меконг ва Янсзи кашф кард, ки он Чамъияти географии рус номида шудааст. У дар Гоби харобахои шахри Хара-Хоторо ёфт. Хангоми кофтуков аз ин чо бисёр даст-хатхои кадима ва ёдгорихои рассомию хайкалтарошии асрхои миёна пайдо шуданд. Дар тадкики Осиёи Маркази хиссаи олимони совети низ калон аст.

Адабиёт: Синицын В. М., Центральняя Азия, Москва. 1959; Петров М. П., Пусты­ни Центральной Азии, том 1—2, Москва— Ленинград. 1966—67.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …