Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Органи Олии хокомияти давлати

Органи Олии хокомияти давлати

Органи Олии хокомияти давлати, Совети Олии СССР, органи ягонаи конунбарори СССР. Орган оид ба масъалахои мухимтарини сохтмони давлати, хочаги ва ичтимоию мадани карорхо кабул мекунад, роххои асосии сиёсати беруниро муайян менамояд, назорати олиро аз  болои фаъолияти аппарати давлати амали мегардонад. Орган кон­ститусияи СССР-ро кабул мекунад, ба он тагйирот медарорад, республи­ками навро ба хайати СССР кабул менамояд, ташкили республикахои нави автономи ва вилоятхои автономиро тас- дик мекунад.

Планхои давлатии тараккиёти иктисоди ва сотсиалии СССР, бючети давлатии СССР ва хисоботро дар бораи ичрои онхо тасдик намуда, органхои ба Совети Оли хисоботдихандаи СССР-ро ташкил мекунад. Орган аз тарафи ахоли дар асоси хукуки умуми, баробар ва бевоситаи интихоботи бо овоздихии пинхони ба муддати 5 сол интихоб карда мешавад. Хар як гражданини СССР метавонад депутати Орган интихоб гардад.

Орган, яъне Совети Олии СССР, аз ду палатаи баробархукук — Совети Иттифок ва Совети Миллатхо иборат аст. Дар Совети Иттифок манфиатхои умумии тамоми мехнаткашони СССР ифода ме­гарданд. Совети Итгифок дар округхои интихоботи шумораи ахолиашон баробар интихоб карда мешавад. Дар Совети Миллатхо манфиатхои махсуси халкхои СССР, ки бо хусусиятхои миллии онхо алокаманданд, тачассум меёбанд. Ба Со­вети Миллатхо аз хар як республи­каи иттифоки 32, аз хар як республикаи автономи 11, аз хар як вилояти автономи 5 ва аз дар як округи автономи 1 депутат интихоб карда мешавад. Сессияи палатахо дар як вакт cap мешавад ва ба охир мерасад.

Дар сурати руй додани ихтилоф байни палата масъалаи халталаб ба комиссияи созиш, ки онро палатахо дар асоси баробари ташкил мекунанд, супурда мешавад. Баъд ин масъаларо палатахо бори дигар дида мебароянд. Агар пас аз ин хам созиш хосил нагардад, масъ­ала ба мухокимаи сессияи оянда ё ба овоздихии умумихалки гузошта мешавад.

Фаъолияти конунбарории Органи СССР дар ду шакл амали мегардад: бевосита бо рохи кабули конунхо ва бо рохи указхои Президиу­ми Совети Олии СССР. Конун дар сурате кабулшуда хисоб меёбад, ки аксарияти депутатхои хар як пала­та ба тарафдории он овоз диханд. Конститутсия интихоби Президиуми Совети Олии СССР, ташкили хукумати СССР — Совети Вазирони СССР, таъин намудани Прокурори генералии СССР-ро ба зиммаи Орган мегузо- рад. Хамаи органхои мазкур дар назди Орган масъуланд ва ба он хисобот медиханд.

Сессияхои Органи СССР соле ду маротиба даъват карда мешаванд. Сес­сияхои гайринавбатиро Президиуми Совети Олии СССР бо ташаббуси худ, инчунин бо таклифи республикаи иттифоки ва ё камаш сеяки депутатхои яке аз палатахо даъват ме­кунад. Орган дар сессияи якуми хар як даъвати нав аз чумлаи депутатхо, Президиум ва хар як палата раис ва 4 нафар чонишини уро иннтихоб мекунад. Дар ичрои вазифахои Органи СССР комиссияи доимии Совети Олии СССР роли мухим мебозанд. Хар палата 16 комиссияи доими дорад. Дар республикахои иттифоки ва автономи Органи Советхои Оли мебошанд.

Адабиёт: Конститутсияи (Конуни асосии) Иттифоки Республикаи Советии Сотси­алисти, Душанбе, 4977: Советы — власть тру­дящихся, Москва, 1966.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.