Маълумоти охирин

Нахчир

Нахчир, нахчир, бузи кухи, бузи шахгард, оху (Cap­ra (Ibex) sibirica), хайвони вахшии чуфтсумест аз чинси буз. Дар РСС Точикистон як зернамуди Нахчир (С. s. alaiana) маълум аст. Нахчир калончусса буда, рангаш ашхаби буртоб ё сиёхтоб, ду пахлу ва гарданаш хол-хол, вазнаш аз 40—60 киллограмм (моданахчир) то 100—130 киллограмм (нарнахчир), шохаш ка­чи камоншакл (дарозиаш зиёда аз 1 метр) мешавад. Нахчир мохи июн 2-то бача мезояд. Нахчирхо сокини махалхои сершах буда, гала-гала (аз 3—4 то 30—40 сари) зиндаги мекунанд, Хуроки онхо хар гуна алаф, решаву гиёххои хушадор, инчунин баргу шохахои буттаву дарахтон мебошад. Нахчир сокини каторкуххои Тиёншон, Помиру Олой ва хама нохияхои Точикистон (600—5000 метр баландтар аз сохили бахр) аст. Саршумори он нисбатан зи­ёд аст. Аз руи маълумоти О. В. Его­ров дар масохати кариб 100 км2-и се водии Помири Шарки то 600 cap Нахчир дучор меояд. Дар бисёр водихо аз 40 то 100 cap (дар 100 га) Нахчир хаст.

Дар 30—40 соли охир дар каторкуххои паст (Панч, Вахш, Каратог, Ариктог, кухи Мугул ва гайра) Нахчир дар натичаи шикори беназорат тамом нест шудааст. Нахчир ахамияти калони иктисоди дорад. Аа он гушт, равган ва пусти хушсифат мегиранд. Саршу­мори умумии Нахчир дар СССР кариб 500 хазор аст. Дар РСС Точикистон шикори Нахчир манъ карда шудааст.

Адабиёт: Егоров О. В., Экология сибир­ского горного козла, «Тр. ЗИН АН СССР», том 17, Москва-Ленинград, 1955; Сапожни­ков Г. Н., Рациональное использова­ние и охрана природных богатств Тад­жикистана, Душанбе. 1967; Жизнь животных. Млекопитающие или звери, том 6, Москва, 1971.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …