Маълумоти охирин

МУЛАММАЪ

melammahМУЛАММАЪ (араби— нурпош, чилодор, рангоранг), шеърест, ки ба ду забон навишта мешавад. Муламмаъ асо­сан дар адабиёти классики ва бештар дар жанри газал дучор меояд. Шоирон як мисраъ ё байтеро ба точикй ва мисраъ ё байти дигарро ба араби мегуфтанд. Бояд байт, мис­раъ ва абёти точикию араби аз чихати шаклу мазмун бо хам комилан мувофикат мекарданд. Муламмаъро ш и р у ш а к а р низ номидаанд. Шоироне бештар Муламмаъ гуфтаанд, ки забон ва коидахои шеъри арабиро неку ме­донистанд ва ба забони араби шеър гуфтаанд. Саъди дар Муламмаъ шухрат дорад. Садриддин Айни уро ихтироъгари Муламмаъ меномад. Аз асри 15 Муламмаъи точикию уз­беки ривоч гирифт. Порчаи газали зерин, ки ба Чоми ном шоире мансуб аст, намунаи ин гуна Муламмаъ мебошад:

Эй лабат пурхандаву чашми сиёхат масти хоб.

Икки зулфинг оразида ой юзунгдур    офтоб.

Мастии май мекунад руи туро гарки арак.

Бода ичсанг тукулур икки кизил юздан гулоб…

Банда шуд Чомй гуломат. Гарчи Афлотун бувад,

Асрагил, ё соклагил, ё сот, ё бергил чавоб.

Аз нимаи дуюми асри 19 Муламмаъи точики- руси пайдо шуд (Асири ва дигар). Намунае аз Муламмаъи точики ва русии Асири:

Гуртам зи рахи хавопарасти Приходите ко мне в гости…

Дар адабиёти советии точик аввалин бор Садриддин Айни Муламмаъи точики ва уз­беки навишт. 3. Чавхари, М. Аминзода ва дигар низ Муламмаъ доранд. Муламмаъхои точикию узбеки дар эчодиёти даханакии халк низ вомехуранд. Шоирони Муламмаънависро зуллисонайн ё зуннаклайн меноманд.

Адабиёт; Ходизода Р., Ш у к у р о в М., Абдучабборов Т., Фарханги истилохоти адабиётшинои, Душанбе, 1966; 3 е хни Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979.

С. Имронов.

Дар борамон

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …