Маълумоти охирин

МУКАРНАС

mukarnasМУКАРНАС (араби пурнакшу нигор), навъи накшест, ки асосан барои ороиши косаи гунбаз ва калламукарнас (бошаи сутун) истифода мешавад. Хоси меъмории Осиёи Миёна ва Шарк буда, дар асрхои 7—8 пайдо шудааст. Давраи авчи инкишоф ва мавкеъ гирифтани он ба асрхои 15—17 рост меояд. Мукарнас вобаста ба мавриди истифода хеле мураккаб мешавад. Агар накш дар атрофи як марказ баста шавад, онро калламукарнас меноманд (бештар дар ороиши сутун). Он бо чунин усул тартиб дода мешавад: микдори муайяни гулача серуя тарошида шуда, дар як руяш накши мехроби мекананд ва ин чузъро «кошук» меноманд. Ин «кошук»-хо мувофики накшаи пешаки бо тартиби муайян дар чанд катор (3—5 ва зиёда) чида мешаванд. Калламукарнаси хосилгашта ба сари сутун мустахкам карда мешавад. Мукарнасро инчунин дар ороиши пушиши нимгунбазии мехроб тахмон ё равокхои асосашон 4,6, 8-кира истифода мебаранд. Дар ин чо хам композитсияи умуми ба порчахои баробар (8, 10, 12, 16 ва гайра) таксим шуда, порчаи аввал хамчун намуна кабул шуда, порчахои дигар такрори дакики хамин нусха мебошанд (аз хам хеч фарк намекунанд). Мукарнас дар накшунигор ва амали кандакории (гач, санг, чуб) устодон Бухоро, Самарканд, Шахрисабз, Уротеппа, Исфара ва гайра хеле расм шуда буд. На-мунадхои нодири Мукарнас дар мадрасахои Мири Араб, Абдулазизхон (Бухоро); Мадрасаи Улугбек, Гури Мир, ансамбли Шохи Зинда (Самарканд); масчиди Шайх Муслихуддин (Ленинобод), масчидхои Исфара, Уротеппа ва гайра вомехуранд. М. Рузиев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …