Маълумоти охирин

МОХ

mohМОХ, Камар, ягона радифи табиии Замин ва наздиктарин чирми осмони. Аломати астрономиаш Г ,Дар «Китоб-ут-тафхим»-и Абурайхони Беруни.

Конуниятхои харакати Мох аз замонхои кадим ин чониб омухта мешаванд. Аз ахди Птолемей (Батлимус) cap карда дар ин боб чандин назариёти математикии астрономи ташаккул ёфтаанд. Аз чумла дар тамаддуни Ачам аз тарафи Насируддини Туси (асри 13) доир ба конуниятхои харакати Мох назариёти мураттабе тахия шуда буд, сонитар аз чониби Кутбуддини Шерози ва махсусан Ибни Шотир мавриди такомул карор гирифт. Назарияи хозиразамони харакати Мох дар давраи Коперник ташаккул ёфтааст. Мох дар атрофи Замин ба хисоби миёна бо суръати 1,02 км/сон аз руи мадоре, ки шаклан ба эллипс монанд аст, чун аксари чирмхои системаи Офтоб мукобили самти харакати акрабакисоат (агар ба мадори Мох аз тарафи Кутби Шимолии дуньё нигох кунем) харакат мекунад. Масофаи байни Замину Мох андаряк ба 384400 км, параллакси экватории горизонталиаш ба 57’2#/, 2 баробаранд. Эксцентриситети мадори Мох ба 0,0549 баробар аст. Даври гардиши Мох дар атрофи Замин (мохи сидери) 27,32166 шаборузро ташкил мекунад. Харакати Мох дар атрофи Замин басо мураккаб буда, аз душвортарин масъалахои механикаи осмони ба шумор меравад. Мадори Мох ба эклиптика ба андозаи 5°8’43” моил аст. Нуктахои буриши мадори Мох бо эклиптика, ки гиреххои фароз ва нишеб ном доранд, харакати номунтазами акибнокиро дорост ва кад-кади эклиптика дар давоми 6794 шаборуз (такрибан 18,6 сол) пурра давр зада мебарояд.

Аз ин ру, Мох ба хамон як гирех пас аз фосилаи муайяни вакт (онро мохи тиннини меноманд, ки ба 27,2122 шаборуз баробар аст) бармегардад; даври такрор ёфтани гирифтхои Моху Офтоб ба хамин фосилаи вакт вобаста мебошад. Мох дар гирди мехвари худ, ки ба хамвории эклиптика ба андозаи 88°28′ моил аст, дар фосилаи вакте давр зада мебарояд, ки расо ба мохи сидери баробар аст. Аз ин чихат аст, ки Мох ба Замин хамеша бо як тарафаш нигарон аст. Чунин мувофикати даври гардиш ва харакати мадори тасодуф нест. Кувваи чозибаи Замин ба даврзании Мох таъсир мерасонад. Мох дар атрофи мехвари худ мунтазам давр занад хам, бо вучуди он суръати Мох дар нуктахои гуногуни мадори эклиптика (минтакатулбуруч) хархела аст. Натичаи хамин аст, ки Мох дар назари мушохиди замини харакати лаппанда дорад. Тули ин навъ харакати Мох ба 6°50′, арзи он ба 7°54″ баробар аст. Чунин харакати Мохро либрация меноманд.

Шакли Мох курави буда, радиусаш 1737 км (0,2724 хиссаи радиуси экватории Замин) мебошад. Масохати сатхи Мох ба 3,8-107 км2 (0,0743 3/о Хиссаи масохати Замин) ва хачмаш ба 2,2 -1025 см3 (0,0203 да /49 хачми Замин) баробар аст. Аз таъсири куввахои маддангез сатхи Мох ру ба тарафи Замин каме барчаста шудааст. Массаи Мох аз массаи Замин дида 81.3 маротиба хурдтар буда, ба 7,35 1025 г баробар мебошад. Зичии миёнаи Мох 3,34 г/см3 (0,61 хиссаи зичии миёнаи Замин) аст. Тезшавии кувваи вазнини дар сатхи Мох нисбат ба Замин 6 маротиба хурд, яъне 162.3 см/сои2 аст. Дар Мох суръати якуми кайхони 1680 м/сон ва суръати дуюми кайхони 2375 м/сон аст. Аз сабаби хурд будани кувваи чозиба Мох хаво ё об (дар холати озод) надорад.

Мох, ки худ чирми мунир нест, бевосита бо нури Офтоб ё худ нури аз Замин аксгардида равшан мешавад. Тагйирёбии фазахои Мох аз хамин чихат аст (расм).

Мох аз руи мадори худ харакат карда, мохе як маротиба такрибан аз байни Офтобу Замин мегузарад ва ба Замин тарафи тираи он нигарон мешавад; дар ин вакт мох нав мешавад. Пас аз як-ду руз дар кисми гарбии осмон дар шакли доси равшану борик мохи нав (хилол) пайдо мегардад. Пас аз 7 шаборуз Мох аз Офтоб ба андозаи 90° дур меравад; чоряки якум cap мешавад, ки дар ин вакт расо нисфи курси Мох равшан аст ва терминатор (хати чудоии тарафхои равшану тираи Мох) рост мебошад.

Пас аз 14—15 шаборуз Мох ба бахр мерасад. Пас аз он нимаи гарбии Мох хурд шуда, дар шаборузи 22-юм чоряки чорум мушохида мешавад.

Масофаи кунчии байни Мох ва Офтоб хурд шуда, Мох боз ба намуди дос намудор мешавад ва баъди 29,5 шаборуз шакли хилолро мегирад (ниг. Мох синода). Тагйири фазахои Мох боиси пайдоиши як катор таквимхо, аз чумла солшумории камари гардид.

Сатхи Мох нисбатан тираранг буда, альбедои он ба 0,073 баробар аст, яъне Мох ба хисоби миёна факат 7,3% нурхои Офтобро инъикос мекунад. Кадри ситоравии зохирии Мохи пурра ба —12,7 баробар аст; Мохи бахр ба Замин аз Офтоб дида 465000 маротиба хам рушнои меафканад. Нишондихандаи ранги рушноии Мох ба -+-12 баробар аст, яъне рушноии он аз рушноии Офтоб андаке аргувонист. Давомати рузу шаби Мох ба 15 шаборузи замини баробар аст. Азбаски Мох атмосфера надорад, харорати сатхи он рузона то +110° С, шабона то —120° С мешавад. Тавассути мушохидахои телескопие, ки ба онхо хануз Г. Галилей (1610) асос гузошт, кухсимо будани сатхи Мох ошкор гардид. Чунонки маълум шуд, догхои тирае, ки аввалхо бахрхо пиндошта мешуданд, хамворихое будаанд, ки нисбат ба дигар минтакахо (ба истилох хушки) кадре тиратар метобанд. Аз руи мушохидахои бисьёрсоха харитахои муфассали Мох тартиб дода шуданд.

Астрономи поляк Я. Гевелий (1647) аввалин харитаи Мохро чоп кунонд. У истилохи «бахр»-ро таквият дода, ба куххои Мох Апеннин, Кавказ, Али ва г. ном гузошт. Астрономи италияви Н. Риччоли пастхамихои васеи тираро укёнуси Туфон, Бахри Бухрон, Бахри Ором, Бахри Борон ва г., минтакахои хурдтари ба бахрхо расамро халичхо (мас., Халичи Шабнам) ва догхои шаклхои номунтазамро ботлокхо (мас., Ботлоки Пусиш) исм нихода, баъзе куххоро (асосан куххои халкашакл) ба шарафи олимони машхур Албаттони, Архимед, Коперник, Кеплер, Тихо Браге ва г. номид. Ин номхо дар харитахои муосири Мох низ боки мондаанд. Дар харитахои нави тарафи нонамоёни Мох бошад. Номхои К. Э. Циолковский, С. П. Королёв, Ю. А. Гагарин ва дигар пайдо гардиданд. Дар охири асри 19 мушохидахои фотографии Мох огоз ёфтанд. Солхои 1896—1910 астрономхои франсави М. Леви ва П. Пьюзе аз руи суратхои фотографии расадхонаи Париж атласи палови Мохро чоп намуданд; баъдтар албоми фотографии Мохро расадхонаи Лик (ШМА) чоп кунонд, дар миёнаи асри 20 бошад, Ч. Койнер (ШМА) якчанд атласи муфассали фотографии Мохро тартиб дод. Бо ёрии телескопхои муосир дар Мох танурахои андозаашон такрибан 0,7 км ва кафидахои барашон якчанд садхо м мушохида шудаанд. Рельефи сатхи Мох асосан дар натичаи мушохидахои бисьёрсолаи телескопи муайян гардид. «Бахр»-хои Мох, ки такрибан 40% сатхи намоёни Мохро ишгол мекунанд, дар асл пастхамихои хамвори пур аз кафидахову теппахоиморпече мебошанд; дар бахрхо тану рахои калон нисбатан каманд. Аксари бахрхо бо каторкуххои мудаввари халкашакл ихота ёфтаанд. Кисми равшантари сатхи Мох бо танурахо, каторкуххои халкашакл, чуякхои бисьёр пушида шудааст. Танурахое ки андозахояшон аз 15—20 км хурданд, косашакл буда, танурахои калонтар (то 200 км) аз хавзахои чукуру каърашон хамвор иборатанд. Рельефи минтакаи канории Мох, ки вобаста ба фазаи либрация курси Мохро махдуд мекунад, нисбатан муфассал ва сахехтар омухта шудааст. Синни танурахои Мох нисбатан гуногун аст. Дар сатхи Мох аз ташкилахои кадимаи базур намоёни нихоят тагйирёфта то танурахои чавони шаклашон возеху равшан мавчуданд. Дар айни замон танурахои чавон бо танурахои нисбатан кадимтар кисман болои хам мехобанд.

Дар ташкили шакли рельефи Мох хам куввахои дохили ва хам беруни иштирок намудаанд. Хисобу китоби термин таърихи Мох нишон дод, ки баъди ташаккули Мох дере нагузашта кисми зиёди кишри он аз харорати радиоактиви тафсида, гудохта шудааст ва он боиси вулконизми пуравч гардидааст. Баробарии ба сатхи Мох дар даврахои аввали пайдоиш ба микдори зиёд метеорит ва астерондхо (бокимондахои абри протосайёрави) афтидаанд, ки дар натичаи таркиши онхо танурахои гуногунандоза хосил шудаанд. Аз сабаби дар Мох набудани атмосфера ва гидросфера кисми зиёди ин танурахо то хол махфуз мондаанд. Холо ба сатхи Мох метеоритхо камтар меафтанд; пайдоиши вулконхо хам асосан катъ гардидааст, вулконхо элементхои радиоактивро ба кабатхои беруна фишондаанд. Дар бораи вулконнами бокимонда аз танурахои Мох хорич шудани газхои карбондор шаходат медиханд, ки спектрограммахои онхоро бори нахуст астрономи совети И. А. Козырев хосил кардааст. Холо синни мутлаки баъзе ташкилахои Мох муайян карда шудаанд. Синни моддаи чавонтарин танурахо даххо ва садхо млн солро ташкил диханд, синни калонтарин танурахои давраи «тобахри» ба 3—4 млрд сол мерасад. Пайдоиши Мох алхол катъиян мукаррар карда нашудааст. Дар ин бобат фарзияхои Ч. Дарвин ва О. Ю. Шмидт сазовори диккатанд. Мувофики фарзияи Ч. Дарвин (охири асри 19) Мох ва Замин сараввал як массаи гудохташудаеро ташкил мекарданд, ки суръати даврзании он баробари сарду фишурда шудан меафзуд; дар натича гуё ин масса ба ду кисм — Замин ва Мох канда шуда аст. Ин фарзия хурд будани зичии Мохро, ки аз кабатхои берунаи моддаи аввала ташкил ёфтааст, шарх медихад. Бо вучуди он механизми чунин процесс бахсталаб аст. Илова бар ин, байни чинсхои кишри Замин ва чисмхои Мох фарки куллии геохимияви мавчуданд.

Бино ба фарзияи олими совети О. 10. Шмидт ва пайравони у (миёнаи асри 20). Мох ва Замин дар як вакт бо рохи мучтамеъ ва зич шудани селаи калони заррахои майда пайдо шудаанд. Аммо азбаски зичии Мох умуман нисбат ба зичии Замин камтар аст, чунин тахмине меравад, ки элементхои вазнини абри протосайёрави якчоя шуда, аввал Заминро (бо атмосфераи гани аз чинсхои сабуки силикати) ташкил додаанд; дар натичаи сардшавии минбаъда моддаи ин атмосфера якчоя шуда, аз онхо Мох пайдо шудааст. Аз нуктаи назари илми муосир (солхои 70 асри 20) ин фарзия бештар ба хакикат наздик аст.

Давраи нави тадкики Мох баробари ба Мох cap дода шудани стансияхои автоматии байнисайёрави (САБ) cap шуд. Тадкикоти Мох дар СССР бо ёрии САБ-и «Луна» ва «Зонд», дар ШМА аз руи программаи «Рейичер», «Лунар Орбптср», «Сервсйер» ва «Апполон» гузаронда шудааст (дар бораи тадкикоти Мох дар СССР муфассалтар дигар маколахои «Луна», «Луноход»). 21 июля 1969 аввал ин бор одам ба сатхи Мох фуромад (астронавтхои америкои Н. Армстронг ва Э. Олдрин ба воситаи киштии кайхонии «Лполлон-11»).

Хамаи нохияхои Мох, ки ба он чо аппаратхои кайхони фуруд омадаанд, бо кабати ба ном реголит пушида шудаанд. Реголит кабати аз хокаю гурушахои гуногунандоза иборат аст, ки гафсиаш аз якчанд мто даххо м мебошад. Ин кабат дар натичаи порашави, омезиш ва «пухтани» чинсхои Мох хангоми ба он афтидани метеорит ва микрометооритхо пайдо шуданист. Дар баъзе порахои реголит заррахои моддаи метеори ёфт шудаанд. Дар байни намунаи чинсхое, ки аз Мох ба Замин овардаанд, ду намуди чинсхо: чинсхои вулкони (лавахо) ва чинсхое, ки аз порашавию гудозиши чинсхои Мох (хангоми ба онхо афтидани метооритхо) хосил шудаанд (шиша, брекчияхо) дучор омаданд. Кисми асосии чинсхои вулкони ба базалти замини шабохат доранд ва дар онхо плагиоклазхо, пироксенхо, ильменит, оливин, инчунин шпингел, циркон, апатит, мис ва г. дучор мешаванд. Дар таркиби хоки Мох порахои чинсхои дигари ба чинсхои замини (норитхо, акортозитхо ва г.) монандро низ дарёфтанд. Чинсхои Мох бо як катор нишонахои худ аз чинсхои замини фарк мекунанд: дар онхо об нихоят кам буда, микдори калий, натрий ва дигар элементхои зудбухоршаванда низ каманд, дар баъзе намунахо титан ва охан нихоят бисьёр аст. Синни ин чинсхо, ки аз руи таносуби элементхои радиоактив муайян карда мешаванд, ба 3—4,5 млрд сол баробар мебошанд, ки он ба даврахои кадимтарини инкишофи Замин мувофик меояд.

Дар бораи ба максадхои осоишта истифода бурдани сарватнхои Мох ва дигар чисмхои кайхони як зумра шартномхои  байналхалки ба имзо расондаанд. Чунончи, сессияи 21-уми Ассамблеяи Генералии ТДМ (1967) дар бораи тадкик иамудан ва истифода бурдани фазои кайхон, хачунин Мох ва дигар чисмхои осмони шартномахои байналхалкиро маъкул донист, ки зери он бештар  сад давлатхои чахон имзо гузоштаанд. СССР нюни 1971 ба мухокимаи Асгамблеяи Генералии ТДМ лоихаеро дар бораи ба максадхои осоишта истифода бурдани Мох пешниход кард.

Соли 1979 Комитети ТДМ лоихаи мазкурро хама чихата мухокима намуда, барои тасдик ба Ассамблеяи навбати пешниход намуд. Бинобар лоихаи мазкур Мох, катъи назар аз дарачаи тараккиёти давлатхо, сарвати умумии хамаи халкхои чахон аст, хеч як давлат хак надорад, ки ба Мох яроки ядрои ё худ дигар яроки катли ом барорад, дар руи он базахои ядарои, иншооту истехкомхо созад, ё худ навъхои ярокхои катли омро санчад.

Ад,: Луна, пол ред. А. В. Маркова. М., 1900; Атлас обратной стороны Луны, ч. 1—3, М., I960—75; Физика и астрономия луны, под ред. 3. Копала, М., 1973;

Шевченко В. В., Современная селенография, М., 1980.

И.  Абдуллоев, А. Исоев.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …