Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / КАЛЪАИ КАХКАХА

КАЛЪАИ КАХКАХА

КАЛЪАИ КАХКАХА, димнан ш. Бунчикат, ки дар наздикии дехаи Шахристони p-ни Уротеппа вокеъ аст. Дар ох. а. 19— ибт. а. 20, с-хои 1949—50 К. К. кисман тачдид гардид. Аз с. 1956 инчониб Эксиедицияи археологии комплексии шимоли Точикистон ба хафру тадкики К. К. машгул аст. К. К. аз 3 димнаи алохида (К. К.— I, II, III) ва иншооти атрофи онхо иборат аст. К. К.— I ва К. К— II дар суфаи сохили чапи Шахристонсой, К. К.—III дар сохили рости он, кисми чан. гарби дехаи Шахристон ва диг. харобахои атроф дар худуди бокимоидаи деха вокеанд. Димнаи К. К.—I деворхои мустахками похсагин (баландиаш то 11 м ва гафсиаш то 8м), бурчхо ва ду дарвозаи истехкоми (дар деворхои шимоли ва гарби) дошт. Аз сабаби дар суфаи кухи чойгир будани димна ва истехкомхояш К. К.—I амалан фатхнопазир буд. Мувофики маълумоти хаттию археологи димнаи К. К.—I шахристони ш. Бунчикат будааст. К. К.—II чанубтари димнаи якум вокеъ буда, сатхи нисбатан хурдтари чоркунча (230 X 210 м), аз тарафхои К. К. деворхои (гафсиашон то 6 м) дукабата ва аз Шим. Ш. яккабата дорад. Даромадгохи димна (дар кунчи шим. гарби) девору бурчхои иловаги дорад. Дар кунчи шим. шаркии димна бокимондаи касри секабатаи хоким хафр шудааст; кисми бокимондаи димна эхтимол, майдони чамъшавии ахоли буд. К. К.—II кухандизи аввалини ш. Бунчикат буда, то а-хои 7— 9 вучуд дошт ва аз хучуми лашкари волии Хуросони Хилофати араб хароб шудааст (с. 822). Димнаи К. К.—III дар кисми чан. гарбии дехаи Шахристон вокеъ буда, саддхои чукидаи чануби, кисман шарки ва шимоли, бурчхои кунди шарки ва шимолии oн то хол боки мондаанд. Истехкомхои К. к.—III бузургу пуриктидор буданд: девори тадкикшудаи чанубии он (гафсиаш 7 м) се маротиба бино ёфтааст; бурчи шимоли, ки дар сохили Шахристонсой вокеъ буд, хангоми мухосираи калъа иншооти махфии обтаъминкуни дошт, Хангоми хафриёт дар димна ба микдори зиёд маснуот: офтобаи сафолини сирдори мургобишакл, симобкузачахое, ки накшхои хандасию наботи доштанд, зарфхои шишаги ва кузачаи биринчи, тангахои мисину нукрагини мансуби ибтидои давраи чоришавии дини мелом, ахди Сомониён, Карахониён ва г. ёфт шуданд. Ин бозёфтхо ва осори истехкомии(К—III аз пешрафти хунармандию тичорат ва дарачаи баланди маданияти моддии шахриён шаходат медиханд. Димнаи К.К.—III харобаи работи Бунчикат аст. Аз К. К. осори меъмори, санъати наккоши, кандакории чуб, сафолот, маснуоти заргари ва г. ёфт шуданд. К. К. яке аз истехкомхои бузурги Точикистон дар асрхои миёна буд, ки дар он ниёгони точикон — истаравшанихо хаёти мутараккии иктисодию маданиро аз cap гузаронданд.

Ад.: Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Средневековый Шахристан, Д.. 1966; Неъматов Н. Н., Асрори Истаравшан, Д., 1972.

Н.Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.