Маълумоти охирин

ХАРИ ДАЧЧОЛ

ХАРИ ДАЧЧОЛ яке аз образхои адабиёти форс-точик. Манбаи он киссаи динии хурофотист дар бораи Даччол ном шахси фиребгар, ки даъвои пайгамбарй дошт. Даччол гуё дар пушти хараш хурчине доштааст, ки дар як паллаи он оташ (рамзи дузах) ва дар дигараш гул (рамзи бихишт) будаанд ва афродеро, ки ба у имон меоварданд ё гуфтаи уро рад мекарданд мувофикан ба «бихишт» ва «дузах» мефиристодааст. Даччол ва харашро Исои Масех нест карда, мардумро аз шарру фитнаи у рахонидааст. Шоирони форс-точик хамин мазмунро дар офариниши образи манфи, шахсони золиму хунхор ва зишткирдор истифода бурдаанд. Масалан, Сайфи Фаргони гуфтааст:
Чу ботилро дихи кувват ви бахри дини хак.
Ту Даччоли дар ин айёму чахли ту химори ту.
Агар хуи замон гири в-агар мулки чахон гири.
Масехе хам падид ояд, к-аз у бошад димори ту.
А. Афсахов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …