Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАРДУМА

ХАРДУМА

ХАРДУМА, 1) хардумак (Dastulis- glomerata), гиёхи бисёрсолаест аз оилаи хушаихо. Пояаш сахту рост (такрибан 1 м), сербарг.

Дар Точикистон хардумахои худруй чузъи таркибии набототи гуногуни нохияхои кухсор (1100—2800 м аз сатхи бахр) хисоб меёбад. Дар кисми марказии каторкухи Хисор, нишебихои шимоли кухи Рангон ва мавзеи Ховалинг маргзорхои калони хардума хастанд. Xардума яке аз гиёххои бехтарини хуроки чорвост. Холо онро фаронои кишт мекунанд. Хангоми ба маргзори Xардума пошидани нурии нитрогендор (60—90 кг/га) аз хар га 60— 80 ц алаф дарапидан мумкин аст. Хардумазорро барои чаронидани чорво ва алафдарави истифода мебаранд. Хошоки Xардума (халгоми гулкуни) 10 фоиз протеин ва 7,9 фоиз сафеда, 2,6% равган дорад.
2) Xардумках (Ногdeum bulbosum), гиёхи бисёрсолаест аз оилаи хушаихо. Аз 50 то 190 см кад мекашад. Хардумках дар минтакахои миёнакухи Точикистон (800—2500 м аз сатхи бахр) алафзори нимсаваннаро ба вучуд меорад. Дар кухи Рангон ва мавзеи Ховалинг хардумкахаори калоне хаст, ки аз хар га-и он 15—25 с хошоки хушсифат мегундоранд. Аввали бахор ба маргзори хардумках пошидани нурии нитрогендор (60—90 кг/га) хосили онро хеле (то 60—70 с) зиёд мекунад. Хошоки хардумках (хангоми гулкуни) 10—13% протеин, 7,5— 9,8% сафеда, 2,6% равган, 8,5% канд ва гайра дорад.
Адабиёт: Флора Таджикской ССР. т. 1, Москва— Л., 1957; Брежиев Душанбе, Коровин О. Н., Дикие сородичи культурных растений флоры СССР, Л.. 1981.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …