Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФОНДИ АСОСИИ ЛУГАВИИ ЗАБОН

ФОНДИ АСОСИИ ЛУГАВИИ ЗАБОН

ФОНДИ АСОСИИ ЛУГАВИИ ЗАБОН; кисми асоси ва устувори таркиби лугавии забонро гуянд, ки калимахо (лексика)-и аслию манбаии забонро дар бар мегирад. Ба фонди асосии лугавии забон пеш аз хама калимахое тааллук доранд, ки номи мухимму зарури ва мустаъмали ходисаву вокеоти марбути зиндаги ва хаёти вокеиро ифода менамоянд. Масалан, воми ашё ва ходисоти табиат: замин, хок, кух, санг, бод, жола, об, ва гайра; номхои марбути олами хайвонот: гов, асп, гург, рубох, гунчишк ва гайра; номи узвхои бадан: сар, пой, даст, чашм ва гайра; номи наботот: гандум, чав, себ ва гайра; номи олоти мехнат: дос, табар, теша ва гайра; номи кору амал: шудгор, дарав ва гайра; истилохоти хочаги ва хаёти маиши: хона, бом, дар ва гайра; номи хурокхо: нон, гушт, равган ва гайра; истилохоти хешованди: падар, модар, бародар, хохар, хусур ва гайра; номи касбу кор ва машгулият: чупон, охангар ва гайра; номи маскану чойхо: шахр, деха, кишвар ва гайра; номи сифату аломатхо: сафед, сурх, хурд, дароз ва гайра; ба фонди асосии лугавии забон чонишиихо, шуморахо, пешоянду пасояндхои асли, хиссачахо ва пайвандакхо низ дохил мешаванд.

books
Одатан мавкеи фонди асосии лугавии забонро аз руи хусусиятхои устувори, решаги, умумиистеъмоли ва кобилияти фаъоли калимзсози доштани лексикаи он муайян мекунанд. Калимахои фонди асосии лугавии забон асосан аз калимахои якхичои ё камхичо иборатанд. Устувории фонди асосии лугавии забон то як андоза характери ниоби дорад. Вобаста ба инкишофи чамъият тадричан баъзе калимахо аз фонди асосии лугавии забон хорич шуда, калимахои нав ба миён меоянд. Бештар калимахои марбути истехсолот, муносибатхои истехсоли, тарзи зиндаги ва робитахои гуногуни ичтимои нав мешаванд. Масалан, истеъмоли калимахои чувоз, осиёб, поза, сипор ва гайра нисбат ба даврахои пеш кам шудааст.
Фонди асосии лугавии забони забои точики асосан аз калимахои аслии забони точики, ки аз кадим дар истеъмоланд ва дар ташаккули забони точики мавкеи асоси доштаанд, фарохам омадааст. Баробари ин фонди асосии лугавии забони заболи точики аз хисоби манбаъхои иловаги — иктибос аз забонхои дигар, ки ба муносибатхои гуногуни иктисоди, сиёси мадани ва гайра вобаста аст, инкйшоф меббад.
X. Рауфов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …