Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЛЕКСИЯ

ФЛЕКСИЯ

ФЛЕКСИЯ (аз лотини— хамшави, гузариш), шакли ёридихандаест, ки ба охири реша ва ё асоси калима хамрох шуда, барои ифодаи муносибати синтаксисии онхо бо калимаи дигар дар ибора ва чумла хизмат мекуиад. Ду навъи флексия— дохили ва беруни вучуд дорад. Дар флексияи дохили шакли кали.махо ба воситаи тагйири овозхои асоси калима дигар мешавад. Флексия и беруни тавассути аффиксхои шаклсоз ба вучуд меояд. Хамчун истисно, флексия на факат ба сифати аффикси шаклсоз, балки ба сифати аффикси калимасоз низ намоби мешавад. Чунончи, анчомаи -ам дар калимаи хонам на факат шахси якуму шумораи танхои феълро, балки замони хозираю оянда ва сигаи шарти хохишмандиро хам нишои медихад. Флексия хоси забонхои флективи мебошад. Вай дар забони точики асосан, дар фаълхои тасрифи дида мешавад. Флексия дар феълхои тасрифи ба асоси замони хозира ва хам ба асоси замони гузашта хамрох мешавад, масалан: барам, бари, барад — барем, баред, баранд, хондам, хонди, хонд — хондем, хондед, хонданд. Дар забони точики, бандакчонишин низ чун флексия меояд. Бай хам бо исм ва хам бо феъли тасрифи истифода шуда, муносибатхон гуногуии грамматикиро ифода мекунад: хангоми бо исм васл шудан муносибати сохибият (китобам — китибамон, китобат — китобатон, китобаш — китобашон) ва бо феъли тасрифи истифода шудан муносибати объективи (гуфтам — маро гуфт, гуфтат—туро гуфт, гуфташ—урогуфт)- ро ифода мекунад. Бандакчонишин дар баробари ифода намудани муносибати сохибияту объекти дар айни замон шахсу шумораро низ нишон медихад.
А. Мирзоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …