Маълумоти охирин
Главная / Техника / Луноход

Луноход

ЛУНОХОД – ин аппарати худгарди камари, воситаи наклиётиест, ки ба тарзи автомати (аз Замин) ва ё аз тарафи худи кайхоннавардон идора карда мешавад.

Луноход
Сурати “Луноход – 2”

Нахустин аппарати худгарди камари «Луноход буд, ки онро станцияи автоматии байнисайёравии (САБ) совети «Луна-17» ба сатхи Мох бурда расонд; дар сатхи Мох аз 17.11.1970 то 4. 10. 1971 амал кар­да, программаи васеи тадкикоти илмаро анчом дод. Массаи «Луноход-1» 756 килограм буда, дар корпуси герметин он як кисми аппаративу тачхизот чой дода шудааст. Шассии иборат аз 8 чарх Луноходро аз руи 2 суръат ба пешу кафо ва чапу рост ба харакат медарорад.

Харакати Луноход Маркази алокаи дури кайдхои ба воситаи радио (дар асоси ахбори телевизиони ва телеметрии аз Луноход гирифташуда) идо­ра карда мешавад. Манбаи энергия: батареяхои офтоби ва батареяи аккумуляторхои мобайни (буфери). Ап­паратураи илми: асбобхо барои тадкики афканишоти кайхони, чихатхои физикавию химияви ва таркиби химиявии хоки Мох; телескопи рентгени барои омухтани интенсивият ва таксимоти кунчии афканишоти рентгени ва дигар манбаъхои афка­нишоти кайхони, аксгири кунчшакли оптики барои локацияи лазери.

Масофаи дар сатхи Мох тайкардашуда 10 540 метр; масохати тадкикшуда 80 000 м3; 200 панорама ва зиёда аз 20000 сурати сатхи Мох ба Замин фиристода шуд; дар зиёда аз 500 нуктаи хати харакат хосиятхои физикию механикии хок тадкик дар 25 нукта таркиби химиявии он муайян карда шуд ва гайра.

«Луноход-2» ба сатхи Мох 16-уми январи соли 1973 бо ёрии САБ-и «Луна-21» расонда шуд. Массаи Луноход 840 кг; сохташ бо «Луноход-1» як хел, аммо система ва аппаратурахои илмии такмилёфта, асбобхои иловаги дорад. Дар зарфи 4 мох Луноход 37 километр масофаро тай карда, ба Замин 86 панорама ва беш аз 80000 сурати телевизиони, тасвири стереоскопии релефи Мохро фиристод. Бо воситаи андозагирихои магнити доир ба сохти дохилии Мох такрибан то чукурихои садхо км маълумот ба даст оварда шуд. Андозагирихои равшанхои осмони Мох нишон доданд, ки радифи Заминро кабати заррахои чанг печондааст, ки рушноиро ба микдори калон паро­канда мекунад.

Луноходи америкоии «Ровер» (LRV) дар вакти парвози киштихои мохнаварди «Аполлон-15, -16, -17» (1971—72) истифода шуданд. Луноходи мазкур ба сатхи Мох; июл дер по­латигун расонида щуд; баъди фурудои ба сатхи Мох кайхоннавардон онро ба холати кори оварданд. Массаи муштараки «Ровер» (бо 2 кайххоннаварди скафандрпуш, бор ва гайра.) 725 кг. Суръати максималии харакаташ то 15 км./соат. «Ровер» шакли платформаи кушоди чорчархаро до­рад; манбаи энергия батареяи аккумуляторхост. Дар болои платформа 2 курсии нишасти астронавтхо, пулти идоракуни бо системаи навига­ция, радиочихоз барои алокаи бевосита бо Замин, камераи телевизиони, ва гайра чой гирифтаанд. Харакати «Ровер»-ро худи кайхоннавардон идора мекарданд. Масофаи тайкардаи он дар вакти экспедицияи «Аполлон-17* 35,7 км буд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …