Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Майдони сурх

Майдони сурх

МАЙДОНИ СУРХ – майдони марказии шахри Москва (дар назди Кремл) мебошад. Майдони Сурхро кисми шакии деворхои Кремл, бинои Универмаги давлати, маъбади Василий Блаженный, бинои Музеи давлатии таърих ихота кардаанд. Майдони Сурх асри 15 пас аз калъабандии касри Кремл шакл гирифт. Сараввал Торг (хамчун маркази савдо), аввали асри 16— Троицкая (аз номи калисои «Троица» — «Салоса», ки дар чануби майдон вокеъ буд), дертар баъди сухтори калони соли 1571 — Пожар ва аз нимаи дуюми асри 17 Красная (ба маънои зебо) ном гирифт.

Майдони сурх

Солхои 1508—16 дар гирдогирди Майдони Сурх хандаки чукуриаш аз 9,6 то 12,8 метр ва бараш 36 метр (соли 1516 ба он об cap дода шуд; баъди соли 1812 хок пур карданд) канданд, ки вазифаи мудофиавиро адо мекард. Аз болояш ба дарвозахои Кремл купрукхо дошт. Дар ташаккули ансамбли меъмории Майдони Сурх девори шаркии Кремл бо бурчхои Спасский, Сенатский, Николский ва маъбади Василий Блаженный мавкеи калон доштанд. Майдони Сурх соли 1689 аз дукону растахои бетартиб чойгирифта тоза карда шуд ва дар чои онхо як катор бинохои маъмури сохтанд. Аз аввали асри 18 Майдони Сурх маркази хаёти мадании шахр мегардад (аввалин китобхонаи оммави, театр, университет). Соли 1818 дар Майдони Сурх хайкали ёдгории К. Минин ва Д. Пожарский (хайкалтарош И. П. Мартос) гузошта шуд.

Солхои 1875—93 давраи пуравчи сохтмони ансамбли Майдони Сурх буд: 1875—81 Музеи таърих (меъмор В. О. Шервуд); 1889—93— Тнми Болой (холо Магазини универсалии давлати), 1892 Тими Мобайни сохта шуд. Дар Майдони Сурх бисёр ходисахои мухими таърихи ба вукуъ омадааст. Макбараи В. И. Ленин маркази композиционии Майдони Сурхро ташкил медихад. Дар кабрхои назди касри Кремл ва девори он турбати ходимони намоёни Партияи Коммунисти, Давлати Совети, илм, маданият ва баъзе арбобони харакати байналхалкии коргари гузошта шудааст.

МАЙДОНИ СУРХ ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.