МАЛАЙХО, гурухи халкхои Осиёи Чанубу Шарки, ки баромадании, забон ва хусусиятхои маданию маишиашон умумист. Тибки маълумоти омори соли 2017 Малайхо асосан дар Малайзия (15,2 млн.) ва Сингапур (0,7 млн.) зиндаги мекунанд. Кисми зиёди малаизабонон (8,8 млн.) дар Индонезия сокинанд. Забони Малайхо ба якчанд шева чудо мешавад. Эътикодмандон пайрави дини исломанд (аз охири асри 15), унсурхои буддоия ва хиндуия низ боки мондаанд. Аз чихати антропологи ба гурухи мугулсуратхои чануби мансубанд. Малайхо худро «орангмелайю»— одамони мелайю меноманд.
Ачдодони Малайхо дар ибтидои хазораи 3 то мелод ба Шимолу Шарк, дар нимчазираи Малакка, сархадхои шаркии Суматра, галачазирахои Риау ва Линга, Калимантан ва дигар чазирахои Индонезия пахн шудааид. Аксарияти Малайхо бо зироат ва мохигири машгул буда, дар саноат кор мекунанд. Санъати онхо нашъунамо ёфта ба забони малай (хуруфоти лотини) адабиёти сершумори бадеи, илми ва сиёсию таргиботи офарида шудаанд. Барои малайихо забони англиси забони дуюмдарача хисоб меёбад ва дар ташкилотхои маорифи хеле зиёд истифода мешавад.