Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти ТАБАРИСТОН

Вилояти ТАБАРИСТОН

ТАБАРИСТОН, яке аз вилоятхои таърихии Эрон аст. Истилохи Табаристон аз номи тапур (халкиятн гайриэроние, ки дар ахди кадим дар наздикихои сохили чанубии бахри Каспий мезист) бармеояд. Форсхо онро Тапуристон, баъд бо таъсири забони араби Табаристон номиданд. Табаристондар охири давраи хукмронии Ашкониён вилояти алохидае шуда, дар замони Сосониёи низ хамчун вилояти алохида боки монд. Шохони сосони ба ин вилоят намояндагони худро хоким таъин мекарданд, ки онхоро сипахбуд меномиданд. Мансаби сипахбуди якумри буда, аз насл ба насл мегузашт. Сипахбудхо аз ахоли хироч чамъ карда, ба марказ мефиристоданд.

tabaristan
Табаристон нохияхои байни музофотхоп Рай, Кумиш, бахри Каспий, Дайлам ва Гелонро дар бар мегирифт.
Аз миёнахои асри 7 сар карда Табаристонмаротибае чанд ба хучуми арабхо дучор шуд. Вале душворихои табии (чангалхои анбух, ботлокхо, роххои мушкилгузари кухи) ва якдилию далерии мардумиТабаристон боиси солхои зиёд ин сарзаминро истило карда натавонистани арабхо гардид. Халифаи Умавиён Муовия (хукмрони 661— 680) бо сардории Маскала ибни Хубайра ба Табаристон лашкари бистхазора фиристод. Табаристон асри 8 ба тасарруфи арабхо афтод. Дар асри 9 ба хайати давлати Тохириён дохил шуд. Соли 900 Табаристон тобеи Самониён гардид. Дар соли 914 ахолии Табаристон бо сардории имоми шиа Хасан ибни Алии Утруш ба мукобили Сомониён шуриш бардошт. Ба ин шуриш мардуми Дайлам ва Гелон, ки аз сиёсати Сомониён норози буданд, хамрох шуданд. Дар натича Хасан голиб омада, мустакилият ба даст овард. Соли 927 дар Табаристонхокимият ба дасти Мардавич ибни Зиёр гузашт. Баъди кушта шудани Мардавич бародарон Али, Хасан ва Ахмад, ки дар лашкари Мардавич хизмат макарданд, дар Табаристон ба сулолаи Бувайхиён (Оли Буя) асос гузоштанд. Соли 945 Ахмад пойтахти хилофат шахри Багдодро забт намуд. Дар асри 11 Табаристон ва Гургонро Салчукиён забт карданд.
Дар баъзе нохияхои дастнораси Табаристон яке аз сулолахои кадимтарини махалли — Подуспаниён, ки хануз аз давраи Сосониён дар он чойхо хукмрони мекарданд, тавонистанд хокимияти худро то асри 16 (то замони Сафавиёи дар Эрон) нигох доранд. Шох Аббоси 1 Сафави ба сулолаи Подуспаниён хотима гузошта, Табаристонро ки аз асри 13 Мозандарон ном гирифта буд ба Эрон хамрох кард.
Бино ба маълумбти муаррихону чугрофидонхои арабизабон дар Табаристони асрхои 9—10 шахрхои Омул, Сория, Нотил, Шолус, Калор, Руён, Мила, Бурчи, Айвалхуамм, Моматир, Тамиса, Буд, Хари ва гайра вучуд доштанд. Маркааи Табаристон то истилои араб шахри Сория буд. Волихои араб Омулро пойтахти худ карор доданд, вале сипахбудхо дар Сория монданд. Омул ба яке аз марказхои калони хунарманди ва маданият табдил ёфт. Дар ахди Тохириён Сория маркази Табаристон карор гирифт.
Дар Табаристон кирмакдори ва шохибофи нихоят таракки карда буд. Аз Табаристон ба кишвархои хамсоя матоъхои абрешими, руймолхои пахтаги ва пашми мебурданд. Дар асои 9—10 дар Табаристон илму маданият хеле инкишоф ёфт. Намояндагони ин сарзамин дар сарчашмахо бо нисбахои Табари ваОмулимашхур гардид. Г. Гоибов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …