Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти ПОЛТАВА

Вилояти ПОЛТАВА

poltava_in_

ПОЛТАВА, вилоятест дар хайати РССУ. 22 сентябри 1937 ташкил шудааст. Дар кисми марказии Сохили Чапи Украина вокеъ гардидааст. Масохати 28,8 хазор км2. Ахолиаш 1741 хазор нафар (1979). Вилоят 25 район, 13 шахр, 23 птш дорад. Марказаш шахри Полтава.

Табиат. Полтава дар суфахои кадимаи дарёи Днепр ва шохобхои он, дар интихои чанубу гарбии нишебии баландии Миёнаи Рус вокеъ аст. Сатхаш хамвор буда (баландиаш дар Шимолу Шарк 170—202 м, дар Чанубу Гарб 60—100 м), ба суи Днепр нишеб мешавад. Дар Шарк хамвори асосан теппадор, дар он чо водихои дарёхо, чари ва оббурдахо хастанд. Иклимаш муътадили континенти. Харорати миёнаи январ аз — 5,5 то —7,6°С, июл 20—21,7°С. Боришоти солона 430—560 мм. Дарёхояш ба хавзаи Днепр мансуб: шохобхои чапи он — Сула, Псёл, Ворскла. Як кисми обанбори Кременчуг дар территорияи вилоят вокеъ аст. Кисми зиёди территорияи Полтаваро (то 70%) сиёххоки гумусдор ташкил мекунад. 7,5% территорияи вилоятро чангал пушондааст. Олами хайвонот:

Шохгавазн, хонгул, гуроз, гург, кашкалдок, рубох, хаз, харгуш, хомяк, юрмон. Аз парранда укоб, дугдор, лаклак, мургоби ва кози ёбои, бедона, кабк, чури дашти, чангали ва гайра хаст. Дарёву кулхо мохии бисёре дорад. Дар вилоят дендропарк ва ду китъаи мамнуъгох хаст.

Ахоли. Дар вилоят асосан украинхо (91,3%) ва русхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 60,1 нафар.иШахрхои калон: Полтава, Кременчуг, Лубни, Миргород, Пирятин, Хорол, Гадяч. Дар солхои Хокимияти Совети шахрхои нав — Карловка, Гребёнка, Комсомолск бунёд шуданд.

Хочаги. То Револютсияи Октябри 1917 территорияи Полтава райони кафомондаи аграри буд. Саноати он асосан аз корхонахои хурд иборат буд, ки онхо бо коркарди ашёи хоми хочагии кишлок машгул буданд. Дар давраи Хокимияти Совети Полтава ба райони мутараккии индустралию аграри табдил ёфт. Махсулоти умумии саноати он соли 1973 назар ба 1940 8,9 баробар афзуд. Сохахои асосии саноат: мошинсози ва коркарди металл, сабук, масолехи бинокори ва чубгари. Дар солхои баъди чанг ба туфайли кашф шудани конхои нефту газ (Радченково, Гливско-Роэбишевское ва дигар) сохахои нави саноат — нефт, газ, химия, коркарди махсулоти нефт, кухкори ба вучуд омаданд. Стансияхои электрии олави ва ГЭС-и Кременчуг (дар дарёи Днепр) вилоятро бо энергияи электр таъмин мекунанд. Корхонахо асосан дар Полтава (заводхои таъмири тепловоз, турбомеханики, «Химмаш» ва дигар), дар Кременчуг (автомобил, вагонсозй), дар Лубни (дастгох, мошин, мошинхои хисоббарор), дар Карловка (тачхизот барои саноати хуроквори) гирд омадаанд. Дар вилоят заводхои саноати зуд таракки кардаистодаи химия — коркарди махсулоти нефт ва дуда (Кременчуг), химикию фармасевти (Лубни), алмоси сунъи (Полтава) вокеъ гардидаанд. Дар саноати хуроквори истехсоли гушт (комбинатхои гушти Полтава, Лубни, Миргород, Пирятян, Гадяч), канд (Лохвитса, Кобеляки, Ярески ва дигар), шир (Полтава, Кременчуг ва дигар), консерв (Пирятин, Миргород, Полтава), равгану чарб (Полтава), спирт (Лохвитса), тамоку (Кременчуг) хеле таракки кардаанд. Дар саноати сабук сохахои ресмонреси, трикотаж, пойафзол, дузандаги, дар саноати чубгари сохахои мебел, комбинатхои хонасози, масолехи бинокори, конструксияхои охану бетон, хишт ва гайра таракки кардаанд. Дар хочагии кишлоки вилоят галлакорию кишти лаблабуи канд ва парвариши чорвои ширу гуштдех бартари дорад. Соли 1973 дар вилоят 481 колхоз ва 44 совхоз буд. Зироати асосии киштшаванда: гандуми тирамохи, лубиёгихо, чуворимакка, чавдор, лаблабуи канд, картошка, сабзавоту зироати полизи.

Маориф ва сохтмони мадани. Соли тахсили 1973/1974 дар 1258 мактаби маълумоти умумии вилоят 267 хазор, дар 37 мактаби касбхои техники 16,3 хазор, дар 30 мактаби миёнаи махсус 27 хазор талаба, дар 5 мактаби оли (дар Полтава) 16,9 хазор студент тахсил кард. Соли 1973 дар 516 муассисаи томактаби 50,8 хазор кудак тарбия ёфт. Соли 1974 дар вилоят 1228 китобхонаи оммави, музейи таърихи мухорибаи Полтава, музейи бадеи, музейи кишваршиноси дар Полтава (дар Лохвитса ва Миргород филиал дорад), музейхои адаби-ёдгории П. Мирний, И. П. Котляревский, В. Г. Короленко (Полтава), музейи адаби-ёдгории Д. Гурамлшвили (Миргород), музейи адаби-ёдгории Н. В. Гогол (дехаи Великие Сорочинцы), музеи А. С. Ма- каренко (райони Кременчуг), музейи адаби-ёдгории А. М. Гориши (дехаи Мануйловка), музейхои кишваршиносии Лубни ва Кременчуг; 2 театр, 1105 клуб, 1346 дастгохи кинонамоишдихи, 70 муассисаи томактаби кор мекард. Газетахои вилоятии «Зоря Полтавщини» (аз соли 1917) ва «Комсомолец Полтавщипи» (аз соли 1938) ба забони украини нашр мешавад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …