Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти Николаев

Вилояти Николаев

Николаев, вилоят дар чануби РССУ. 22 сентябри 1937 ташкил шудааст. Масохаташ 24,7 хазор км2. Ахолиаш 1242 хазор нафар (1979). Ба 19 район таксим шуда, 7 шахр, 20 птш дорад. Марказаш шахри Николаев. Бо ордени Ле­нин (4 ноябри 1958) мукофотонида шудааст.

Табиат. Территорияи вилоят асосан хамвор буда, аз Шимолу ба Чануб ба суи бахри Сиёх паст мешавад (баландиаш 20— 40 м). Кисми зиёди территорияро пастхамии назди бахри Сиёх ишгол кардааст. Иклимаш континентии муътадил. Тобистонаш гарм, сершамол, зуд-зуд гармсел мевазад; харорати миёнаи мохи гармтарин (июл) 27° С. Зимистонаш камбарф, чандон хунук не, харорати миёнаи мохи хунуктарин (январ) —4—5° С. Боришоти солона дар Чануб 300—350 мм, дар Шимол то 450 мм. Давраи нашви растани 210 шабонаруз. Сохили бахри Сиёх бо лиманхои Буг, Березан, Тузлов, Тилигул, Днепровск машхур аст. Дарёхои калон: Буги Чануби, Ингул ва Ингулец. Чисми шимолии Николаев сиёххок, чануб сиёххоки дорчинии баланд аст. Хоки мавзеъхои сохилхои дарё ва бахр кумдор. Набототи табиии дашти танхо дар нишебии чарихо боки мондааст. Такрибан 2%’ территорияро беша пушондааст (булут, баргларзон, заранг, тус ва гайра). Бешахои Катериновск ва Вознесонск тахти назорат ва мудофизати давлат мебошанд. Аз хайвонот: рубох, заргуш, калламуш, юрмон; аз паррандахо бедона,дуг-дог, тазарв, кабк, мургобии ёбои ва кози хокистарранг, лойхурак, суфитургай ва гайра дучор меояд.

Ахоли. Дар Николаев украинхо (русхо (16,1%) ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Зичин миёнаи ахоли дар 1 км2 47,8 кас (1973). Ахолии шахри 57% (1973). Шахрхои калонтарин: Ни­колаев, Первомайск, Вознесенск, Снигирёвка, Очаков, Новый Буг ва гайра.

Хочаги. Сохахои асосии саноат — мошинсози, коркарди металл ва аз он чумла киштисози. Дизелхо, гид­роаппаратура, тачхизоти мураккаби энергетики, конструксияхои металли ва гайра истехсол карда мешавад. 3аводи «Дормашина» (Николаев), булдозерхо, мошинхои асфалтхобони ва дигар мошинхои рохсози мебарорад. Баъди чанг заводи «Фрегат»-и Первомайск, заводи сементи Олипанск ва гайра сохта шуданд. Саноати хуроквори низ та­ракки кардааст (34% истехсоли гушт, шир, орд, консарва ва кандро ташкил медихад). Дар районхои чануби вино, обхои минерали (Снигирёвка) истехсол мекунанд. Комбинаи трикотажи, фабрикахои дузандагию пойафзол, заводи канаб мавчуданд. Саноати масолехи бинокори 5,9% махсулоти саноатиро медихад (блокхои девори,семент, охак, хишт, санги хоро ва гайра).

Дар нохияхои сохили бахри Сиёх зироати техники ва чорвои гушту ширдех парвариш карда мешавад. Соли 1974 Николаев 108 совхоз, 221 колхоз ва 7 колхози мохидори дошт. Дар вилояти гандуми тирамохи, чави бахори, чуворимакка, офтобпараст, лаблабуи канд кишт мекунанд. Богдори, токпарвари ва обчакори хуб ба рох монда шудааст. Сохаи асосии чорводори — парвариши чорвои гушту ширдех. Парвариши хук, гусфанд ва мург низ таракки кардааст. Аз бахри Сиёх, аз лиманхо ва дарёхои Буги Чануби, Илгул ва Ингулес мохи медоранд. Тули рохи охан 760 км (4973). Дарозии рохи автомобилгард 8,0 хазор км. Аз территорияи Николаев рохи охан Николаев — Знаменка (вилоятро бо Москва, Киев ва дигар шахрхо мепайвандад), Одесса—Вознесенск—Бахмач—Москва ва гайра мегузарад. Наклиёти бахри ахамияти калон дорад. Николаев ва Очаков шахрхои бандарианд. Буги Чануби, Ингул ва Ингу­лец (дар поёноб) киштигарданд. Николаев бо бисёр шахрхои Иттифоки Совети бо рохи хавои алокаманд аст. Соли тахсили 1914—1915 дар территорияи вилояти 740 мактаби маълумоти умуми, асосан мактаби ибтидои (кариб 68 хазор -талаба, 4 омузшигохи миёнаи махсус буд, мактаби оли набуд. Соли 1972 дар 611 муассисаи томактаби 51,5 хазор кудак тарбия меёфт. Соли тахсили 1973/74 дар 872 мактаби маълумоти умуми кариб 213 хазор, дар 32 омузишгохи касбхои техники 14,4 хазор, дар 15 омузишгохи миёнаи махсус 15,2 хазор хонанда тахсил мекард. Дар институтхои киштисози ва педагоги (Николаев), дар факултети умумитехникии Институти технологии саноати яхдини Одесса (Первомайск), факултети инженерони сохтмони Институти инженерони сохтмони Одесса ва дар факултети мадани-маърифатии Институти маданияти Киев (Николаев) 11,9 хазор сту­дент тахсил мекард.

Дар Николаев шуъбаи Саррасадхонаи аст­рономии АФ СССР вокеъ аст. То 1 январи 1973 дар Николаев 676 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси ва Музеи санъати бадеии ба номи В. В. Верешагин (дар Николаев), театри драмаи руси, Театри драмаи мусикии украини, Театри лухтак, 658 клуб, 826 дастгохи кинонамоишдиди, 21 хонаи пионерон, 13 мактаби спортии бачагона ва гайра кор мекарданд.

Газетахои вилояти ба забони ук­раини «Пiденна правда» («Хакикати чануб», аз 1917), газетаи комсомолии «Лешнске племя» («Насли ленини»), аз 1920, ба забони руси «Юж­ная правда» (аз 1038) нашр мешаванд. Аз Москва ва Киев барномахои радио ва телевизион шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То 1 январи 1973 дар Николаев 124 муассисаи табобатии дорои 12,6 хазор кат буд (10,7 кат ба 1 хазор ахоли), 2,7 хазор духтур кор мекард (1 духтур ба 434 нафар ахоли). Николаев санаторияю хонахои истирохати дорад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …