Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФОВА Сорочон

ЮСУФОВА Сорочон

ЮСУФОВА Сорочон (5. 5. 1910, Бухоро—15. 5. 1966, Душанбе), геологи совети, акад. АФ РСС Точ. (1951), доктори илмхои геология ва минералогия (1948), проф. (1950), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Точ. (1960). Аъзои КПСС аз 1962. С. 1935 Ун-ти Самаркандро хатм кардааст. С-хои 1940 —43 дар Ин-ти геологияи Филиали узбекистонии АФ СССР кор кард. С-хои 1945—48 Ю. дар Ин-ти геологияи Филиали точикистонии АФ СССР мудири шуъбаи геологияи нефту ангишт буд. Аз с. 1949 то охири умраш мудири кафедраи минералогия ва петрографияи УДТ. Асархои илмии Ю. ба тадкики хусусиятхои минералоги ва таркиби химиявии гил, лёсс ва геохимиям элементхои чудогонаи химияви оиданд. Ю. дар ду монография: «Хусусиятхои минералогии лёссхои Осиёи Миёна» (1951), «Хусусиятхои минералогии лёссхои водии Вахш» (1958) ва маколахои илмиаш ин проблемахоро тадкик кардааст. У муаллифи аввалин китоби дарси дар сохаи геологии (ба забони точики) «Геология бо элементхои минералогия ва петрография» (1963) мебошад. Ю. ч.анд китоб ва зиёда аз 70 маколаи илми таълиф кардааст. Дар солхои охири хаёташ у дар тадкики тахнишастхои мезозой ва кайнозойи депрессияи Точикистон хиссаи арзанда гузошт.

Ас.: Минералогические особенности лёссов Ср. Азии, М., 1951.

Ад.: Баратов Р. Б., Хасанов А. X., Краткий очерк жизни, научно-педагогической и общественной деятельности С. М. Юсуповой.

М. Чанобилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.