ЮСУФИ БАЛОСОГУНИ (тав. такр. 1021—с. ваф. номаълум), шоир, олим ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна. Дар Кошгар тахсил намуда, ба камол расидааст. Ю. Б. муаллифи яке аз кадимтарин осори адабиёти халкхои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Кутадгу би-лик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйгурии давраи Карахониён) мебошад. У нахустин шоирест, ки ба турки бо вазни аруз шеър гуфтааст. «Кутадгу билик» маснавии андарзи ва сиёсист. Кахрамонони асар чор образи рамзи — Одил, Давлат Окил ва Каноат мебошанд. Ба кавли Ю. Б., эрониён китоби уро «Шохнома»-и турки мегуфтаанд. Ю. Б. да «Шохнома»-и Фирдавси, ашъори шоирони форс-точики а. 10 бохабар будааст. Дар асараш Фаридун, Афросиёб, Рустам ва диг. борхо ёд мешаванд. Яке аз бобхои он бо касидаи «Шикоят аз пири»-и Рудаки хамоханг аст. Дар «Кутадг билик» забони точики баробари забони араби хамчун забоне, ки ба он осори адабии зиёде эчод шудааст, зикр гардидааст.
Ос.: Благодатное знание, М., 1983.