ЮСУФ– Ибни Мухаммад Ибни Юсуфи Табиб (с. тав. ва ваф. номаълум), олими точик дар сохаи тиб (а. 16). Муаллифи «Чомеъ-ул-фавоид», ки бо номи «Тибби Юсуфи» маъмул аст. Дар Бухоро ва Самарканд тахсил намуда, дар дарбори Бобур кор ва эчод кардааст. Ю. чунин асархоро таълиф намудааст: «Бахр-ул-чавохир», «Фавоид-ул-ахьёр», «Далоил-ул-бавл», «Далоил-ун-набз», «Касида дар хифзи сихат», «Касида дар баёни номхои адвия» (ба забони хинди), «Касида дар аснои ачноси адвия», «Рисолаи маъкул ва машруб» ва г. «Фавоид-ул-ахёр» дар шакли назм навишта шудааст ва ба гайр аз дорухои муфрада, боз дар бораи баъзе таомхо, хосияти нушокихо низ маълумот медихад. Ю. дар таълифи асархои худ аз осори Сукрот, Чолинус, Сино ва диг. истифода кардааст. Ю. баробари табиби хозик ва олими забардаст будан, дар шеъру шоири низ хунарнамои кардааст. Писари Ю. Исмоил низ табиб буда, дар боби тиб таълифот доштааст.