Маълумоти охирин
Главная / Биология / УСТУХУДУС

УСТУХУДУС

УСТУХУДУС, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда  (Lavandula spicа), буттаи хамешасабзест аз оилаи лабгулхо. Аз 20 то 100 ом кад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб.

ustuxudus

Устухудуси худруй дар кишвархои бахри Миёназамин меруяд ва онро аввалин маротиба дар хамон нохияхо (то мелод) чун растании доруию хушбуй парвариш кардаанд. Абуханифи Диновари, Абурайхони Беруни ва Абуалии Сино устухудусро чун растании доруи ном бурдаанд. Сино чушоби устухудусро мусаккини дарди банд ва асаб мехисобид. Шарбаташро барои табобати иллати асаб ва узвхои пешоб тавсия медод.

Дар «Чомеъ-ул-фавоид»-и Юсуф ибни Мухаммад (соли 1500), ки бо номи «Тибби Юсуфи» шухрат дорад, оид ба давоии шароби устухудус сухан рафтааст.

Шароби устухудус ар хурад кас,

Зи ман бишнав хадиси бериёро:

Бавосири куханро нафъ бахшад,

Барад хам иллати мохулиёро.

Устухудусро дар бисёр кишвархои чахон (аз он чумла СССР) барои исехсоли равгани эфир мепарваранд. Гулаш 1,84%, хушагулаш 1,04%, баргаш 0,1% равгани эфир дорад. Равгани эфири устухудус дар атриёт, инчунин тиб (барои табобати чарохат, бугумдард, хушбуй кардани давочот, тайёр намудани мархамхо ва гайра) фаровон истифода мешавад.

Гули устухудус хеле сершахд ва асалаш хушбую шифобахш аст.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …