Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Мухаммаднури

УСМОНОВ Мухаммаднури

УСМОНОВ Мухаммаднури (таваллуд 6. 11. 1924, Махачкалъа, РАСС Догистон), шаркшиноси совети, доктори илмхои филология (1971). Аз оилаи хизматчи. Факултети филологии Университи давлатии Москваро хатм кардааст (1950). Ходими илми (1954—72), аз соли 1972 мудири сектори Институти шаркшиносии Академияи Фанхои СССР. Тадкикоти илмии Усмонов масъалахои таърихи адабиёти асрхои 10—12-и форс-точик, эчодиёти Рудаки. Фирдавси, Хайёмро дар бар мегирад. Дар монографияи у «Услуби назми форс-точик дар асрхои IX—X» (1974) масъалахои мухимми бадеиёт ва сабкл шеъри классики бо усули тозаи илми тадкик шудаанд. У чилдхои 6— 7-и «Шохнома»-ро дар Москва (1967— 68) ва чилдхои 1—2-и онро дар Техрон (1971—74) ба табъ расонд; дар тахия ва нашри чилдхои 2—4-и «Шохиома» (нашри Москва) иштирок кардааст. Усмонов дар назарияи матншиноси чандин макола навиштааст. Усмонов дар боби тарчумаи осори бадеии классикони форс-точик хам хизмати намоён дорад; тарчумаи тахтуллафзии бисёр асархои манзум ба калами у тааллук дорад. «Синдбоднома», «Бахтиёрнома», «Марзбоннома», осори баргузидаи Ахмади Дониш ва гайраро ба забони руси гардондааст.
Р. Ходизова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.