УРУГВАЙ, Республикаи Шаркии Уругвай (Republica Оriental del Uruguay), давлатест дар Америкаи Чануби. Масохаташ 187 хазор км2. Ахолиаш 2,97 млн нафар (1983); асосан уругвайихо (90%), дурагахо (10%). Забони расми—испани. Диндорон асосан католикхоянд. Пойтахташ шахри Монтевидео. Ба 19 департамент таксим шудааст. Сардори давлат ва хокимият — президент. Органи конунбарор (муваккатан) — Совети давлати. Заминаш хамвор ва теппазор аст. Иклимаш субтропики. Харорати мибнаи июл 10—12°С, январ 22—24°С. Боришоти солона 1000— 1200 мм. Худуди мамлакат дар минтакаи бешадаштхои субтропики вокеъ гаштааст.
Аз аввали асри 16 испанихо ба мукобили кабилахои хинду мубориза бурданд; охири асри 18 испанихо дар Уркгвай шакли заминдории латифундиро чори намуда, дар он асосан зангихои африкоиро чун гулом кор мефармуданд. Соли 1811 дар рафти Чанги озодихохонаи мустамликахои Испания дар Америка (1810—26) Уругвай истиклолияташро эълон намуд, вале соли 1816 онро португалихо забт карданд. Соли 1821 Уругвай ба хайати империяи Бразилия ва аз соли 1825 ба хайати Аргентина дохил гардид; аз соли 1828 республикаи мустакил шуд. Аз нимаи дуюми асри 19 сар карда дар Уругвай капитали хорича, хусусан капитали Англия ва Америкаи Шимоли мавкеи калон пайдо кард. Соли 1920 Партияи коммунистии Уругвай таъсис ёфт. Солхои 1933—38 хокимият дар дасти диктатураи харби буд. Дар охири Чанги дуюми чахони Уругвай ба Германия чанг (1945) эълон кард. Баъди чанг экспансияи иктисоди ва сиёсии ШМА дар Уругвай кувват гирифт. Солхои 50—60 харакати демократи ва коргари вусъат ёфт; соли 1971 фронти куввахои зиддиимпериалисти ташкил шуд. Соли 1973 куввахои рост дар мамлакат тартиботи харбии реаксиони чори намуданд. Бо СССР солхои 1926—35 алокаи дипломатй дошт, соли 1943 ин алока боз баркарор шуд.
Уругвай яке аз мамлакатхои иктисодиёташ нисбатан тараккикардаи Америкаи Лотини мебошад. Асоси иктисодиёташ истехсоли махсулоти чорводорист. Заминхои киштбоб аз дах нух хиссаи худуди мамлакат (ё 67%)-ро дар бар мегирад. 60% заминхои хчагии кишлок дар дасти заминдорони калон — латифундистхо мебошад. 14 млн га замин чарогох аст. Асосан гов, гусфанд, хук мепарваранд. Зироати асосии хочагии кишлок: гандум, чуворимакка, загир ва офтобпараст. Корхонахои саноати хуроквори, бофандаги, чарму пойафзол мавчуданд. Тули рохи охан кариб 3 хазор км, роххои автомобилгард 10 хазор км. Ба хорича пашм, гушт, консерви гушти, пуст мебарорад. Шарикони асосии тичоратиаш ШМА, РФГ, Британияи Кабир, Италия, мамлакатхои Америкаи Лотини. Вохиди пул — песои Уругвай.