Маълумоти охирин

ЮРМОН

ЮРМОН, як навъ хайвони хояндаи санчобмонандест. Дар Точикистон 3 намуди Ю. вомехурад.

yurmon

Юрмонш регаор Ю.-и регзoр (Spermo-philopsis lepto-dactylus). Дарозии танаш 21-27 см, думаш 18—23 см ва вазнаш 500—800 г. Ю.-и регзор ба шароити биёбони регзор хеле хуб мутобик, шудааст; пойхои он (махсусан пойхои акиб) нагз инкишоф ёфтаанд. Тез медавад. Ангуштони пойхои пешаш дарозанд. Тобистон пусташ зард, пашмаш кутохи тунук ва дурушт, зимистон бошад, пашмаш дарози кохранг, гули ва абрешиммонанд мешавад. Асосан дар регзори поёноби Вахш (регзори Кашкакум ва Кародум) ва Кофарнихон (регзори назди Айвоч) маскан гирифтааст. Дар хама (регтуда) лонахои чудогона ва оилави месозад. Соле як маротиба (февр.— март) афзоиш мекунад. Ох. апр. ва авв. май 2—5-то бача мезояд. Чонвари алафхор аст.

Ю.-и кухи (Citellus relictus) сокини хоси даштхои кухсори Тиёншон мебошад. Дар Точикистон факат дар к-кухи Дурама аз доманакух (750—850 м аз с. б.) то баландкух (3000—3100 м) маскан гирифтааст. Дарозии танааш 22—26 см, думаш 5—8 см, вазнаш (зимистон пеш аз хоб рафтан) 500—700 г; баъди аз хоб хестанаш 250—450 г. Пусти тахтапушташ зарди буртоб ва хол-хол аст. Пашмаш дароз ва нисбатан дурушт. Дар теппахои гилхок, санглох, заминхои партов, атрофи киштзори галладонаву зироати хуроки чорво, кад-кади шабакахои обёри, арчазори сирак ва г. лона месозад. Дар доманакуххо мохи март, дар баландкуххо апр. афзоиш меёбад. Давраи хамлаш 26—28 руз; 3—11-то бача мезояд. Онхо тез инкишоф меёбанд, баъди 30 руз дарозии танаашон 17—14 см ва вазнашон 55—65 г машавад. Ю.-и кухи июль—авг. ба хоб меравад (7—8 мох давом мекунад). Ю.-и кухи алаф ва хашарот мехурад.

Ю.-и зард (Citellus fulvtis) нисбат ба Ю.-хои дигар калончуссатар аст; дарозии танаш 26—34 см, думаш 6—10 см, вазнаш пеш аз хоби зимистона 700—1300 г ва баъди аз хоб хестанаш 500—900 г. Чонварл хоси биёбонхои гилхоки Казокистони Чануби ва Осиёи Миёна мебошад. Ю.-и зард факат дар шим. Точикистон (даштхои Дилварзин, Мирзочул,. гарби водии Фаргона, шим. гарбии к-куххои Курама, Туркистон ва Зарафшон то 1400—1700 м. аз с. б.) вомехурад. Февр.— март афзоиш мекунад. Давраи хамлаш 30 руз; 3-9-то бача мезояд. Ю.-и зард растани, инчунин тобистон хашарот (гамбускхо, кирминаи шапалакхо)-ро мехурад. Холо дар натичаи шикор ва корам шудани махалхои сукунат Ю.-хо хеле кам шудаанд.

Г. С. Давидов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …