Маълумоти охирин

УРАРТУ

urartu

УРАРТУ (номи ошури; урартуияш — Биайнили, аз руи китобхои мукаддаси динии Тавроту Инчил — шохии Арарат»), давлате, ки дар Осиёи Пеш (асрхои 9—6 то мелод) вокеъ гардида, дар давраи тавоногиаш тамоми кухсори Арманистон (холо территорияе, ки ба худудхои СССР, Туркия ва Эрон дохил аст) -ро дар бар мегирифт. Ахолии Урарту— урартуихо. Охири хазораи 2 ва аввали хазораи 1 то мелод дар территорияи Урарту процесси ташаккулёбии синфхо авч гирифт, ки он дар миёнаи асри 9 то мелод давлати Урарту -ро бо пойтахташ шахри Тушпа (хозира шахри Ван дар Туркия) ба вучуд овард. Охири асри 9 ва нимаи якуми асри 8 то мелод давраи нашъунамои давлати Урарту буд. Дар давраи шохии Менуа, Аргишти I ва Сардури II дар натичаи чангхо территорияи Урарту хеле васеъ гардид. Дар нимаи асри 8 шохи ошурихо Тиглатпаласарн III ба кушуни Сардури II зарбаи сахт зада, махалхои Байнаннахрайни Шимоли ва Сурияи Шимолиро, ки ба давлати Урарту дохил буданд, забт намуд. Дар натичаи шикастхури аз ошурихо ва шуришхои сардорони вилоятхо, Урарту кисми зиёди мулки худро аз даст дод. Аввали асри 6 то мелод армияи Урартуро модхо торумор карда, худуди онро ба хайати давлати Мод хамрох намуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …