Маълумоти охирин
Главная / Илм / УРАН

УРАН

uran-el

УРАН (лотини uranium), U, элементи химиявии радиоактив аз гурухи III системаи даврии Менделеев, мансуби алгиноидхо; раками атоми 92, массаи атоми 238,029; металл. Урании табии аз омехтаи 3 изотоп 238U — 99,2739% (давраи нимкохишаш Т1/2 = 4,51-108 сол), 235U —0,7024% (Т1/2 = 7,43· 108 сол) ва 41 —264U 0,0057% (Т1/2 =2,48-105 сол) иборат аст. Аз 11 изотопи радиоактивии сунъии Уран (адади умумиашон аз 227 то 240) 233U,( Т1/2 =1,62-105 сол) дарозумртар аст, ки хангоми бо нейтронхо бомбаборон кардани торий хосил мешавад.
Уранро соли 1789 химики немис М. Г. Клапрот кашф намуда, ба он номи сайёраи Уранро гузошт. Урани металлиро соли 1841 химики франсави Э. Пелиго хангоми бо металли калий баркарор кардани UCI4 хосил намуд. Баробари кашфи ходисаи радиоактивияти уран (соли 1896) ва радий (соли 1898) бо максади истихроч ва истифодаи радий дар тадкикотхои илми ва тиб коркарди саноатии Уран огоз ёфт. Баъди кашфи ходисаи таксимшавии ядро (соли 1939) аз соли 1942 уран сузишвории асосии ядрои гардид. Ба хисоби миёна 2,5-10-4%-и массаи кишри замин аз уран иборат аст. Кариб 100 минерали уран маълум аст, ки 12-тоаш ахамияти саноати дорад. Уран пулодранг буда, ба осони шакли дилхохро мегирад. Се шакли аллотропи (а, , ) дорад; I гудозиш, 1134°С, ( чушиш 3818°С, зичиаш 19120 кг /м3.
Уранро аз маъданхои уран, ки 0,05 —0,5% II доранд, хосил мекунанд. Уран дар реакторхои ядрои чун сузишвории асоси истифода мешавад. Намакхои уран дар суратгири, химияи тахлили, истехсоли шиша, рангхои харораттобовар ва гайра ба кор мераванд. 11 манбаи сузишвории ядрои мебошад.
Уран ба микдори кам (10—5 —10-8%) дар бофтахои наботот, хайвонот ва одам вомехурад. Ба организми хайвоноту одам уран хамрохи хурок, об, хаво, инчунин ба воситаи пуст ва пардаи луоби дохил мешавад. Микдори он дар узву бофтахои хайвоноту одам аз 10—7 г/г зиёд нест. Мувофики маълумоти Комиссияи байналхалки оид ба мухофизати радиасиони ба хисоби миёда дар организми одам 9 10- г уран мавчуд аст.
Тахмин меравад, ки уран барои хаёти муътадили хайвонот ва наботот зарур аст, аммо вазифаи физиологии уран алхол маълум нест. Уран ва пайвастхои он (махсусан уранил) захрноканд ва хангоми ба арганизм дохил шудан тамоми узву бофтахоро захролуд мекунанд. Барои нешгирии захролудшави истифодаи лавозимоти хавоногузар, пешгирии ифлосшавии хаво, назорати тиббии коргарон ва гайра лозиманд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …