Маълумоти охирин
Главная / Илм / УРАНИНИТ

УРАНИНИТ

uraninit

УРАНИНИТ, минерал, оксиди беоби уран. Формулаи идеалиаш UO2. Хамаи уранинитхои табии гайр аз UO2 ин- чунин UO3 доранд. Системаи кристалибандиаш куби. Ба шакли куб, октаэдр ва массахои зич дучор меояд. Мурт. Сахтиаш 5—6, зичиаш 8— 10 г/см3 (аз они настуран 6—9,2 г/ ам3). Рангаш сиёхи чилодор. Нихоят радиоактивист. Навъхои уранинит: худи уранинит, настуран ва курми уран. Худи уранинит шакли аники кристалли дорад. Он дар харорати баланд хосил шуда, дар пегматитхо, инчунин дар конхои гидротермали, скарни ва дохили чинсхои тахшини дучор меояд. Якчоя бо торианит ва иттирийсерианит катори изоморфи ташкил медихад. Настуран аз агрегатхои нихонкристаллии колломорфи иборат аст. Асосан дар конхои пастхарорати гидротермали ва тахшини дида мешавад. Курми Уран ба шакли агрегатхои ковоки хокамонанд дар конхои гидротермалии сулфиду урандор ва конхои тахшини вомехурад. Таркиби аксари уранинитхо махсули кохиши урану торий (К, Ас, Ро, Не, Рb), инчунин Са ва Zn доранд. Уранинит дар зонаи оксидшави тез тагйир меёбад. Навъхои гуногуни уранинит асоси маъданхои уран мебошанд. Конхои калонтаринаш дар Канада, ШМА, Африка, Австралия, Франсия мавчуданд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …