Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / УНВОН ВА ДАРАЧАИ ИЛМИ

УНВОН ВА ДАРАЧАИ ИЛМИ

unvon

УНВОН ВА ДАРАЧАИ ИЛМИ, 1. Унвови илми, унвонест, ки ба омузгорони мактабхои оли ва ходимони муассисахон илми аз руи корхои педагоги ва тадкикоти илмии онхо медиханд. Дар СССР профессор, дотсент, ходими калони илми, ассистент, ходими хурди илми унвони илми хисоб мешаванд. Се унвони аввалро Комиссияи олии аттестасиони (ВАК) -и СССР мувофики тавсияи шурои илмии мактабхои оли ё муассисахои тадкикоти илми ба шахсоне мадихад, ки дарачаи илми доранд; ин унвонхоро ба тарики истисно онхое низ гирифта метавонанд, ки дарачаи илми надоранд, вале мутахассисони баландихтисос буда, дар корхои педагоги ва тадкикоти илми махорати баланд зохир кардаанд. Ассистентхо ва ходимони хурди илмиро шурои илми тасдик мекунад. Дар хорича, чунин унвонхои илми хастанд; профессор, адъюнктпрофессор, ординари, профессор- экстраординари, ассистент. 2. Дарачаи илми, ихтисоси илмиест, дар сохаи муайяни дошта. Дар СССР аз соли 1934 ду дарачаи илми —доктори илм ва номзади илм мукаррар шудааст. Якумашро бо карори Президиуми Комиссияи олии аттестасионии СССР дар асоси тавсияи шурои махсуси мактаби оли ё муассисаи тадкикоти илми оид ба додани дарачаи илми (баъди дифои рисолан доктори) ва дуюмашро ба карори хамин шуро баъди дифои рисолаи номзади медиханд. Дар хорича хам якчанд дарачаи илми вучуд дорад: агреже, бакалавр, лисенсиат, магистр.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …