Маълумоти охирин

ЮНУЧКА

ЮНУЧКА, ришка, рушка (Medicago), як чинси гиёххои яксола ё бисьёрсолаест аз оилаи лубиёихо. Пояаш сершох, баландиаш 70— 100 (баъзан 150) см. Баргаш дарозруяи себарга (аз 3 баргча иборат аст). Хушагулаш 15—20-гула. Мевааш асосан гилофаки досшакл ё спиралшакл. Тухмаш гурдашакли гирда, зард ё зардтоби бур (вазни 1000 донааш 1,5—3,5 г). Бехи Ю. тиррешаи бакувват аст. Дар хок ба чукурии бештар аз 5—10 м реша меронад.

rishka

Дар Европа, Осиё, Африка кариб 100 намуди Ю. меруяд. Дар СССР кариб 60 ва аз он чумла дар Точикистон 10 намуди Ю. (7 намуди он яксола) месабзад.

Ю. хуроки хуби чорвост. Онро барои чарондани хайвонот, инчуннн тайёр кардани хасбеда, орди алаф, тарбеда, силос ва г. истифода мебаранд. Хама хурокихои аз Ю. тайёр кардашударо хайвонот, хуроки сабз ва орди алафро бошад, паррандахо хуб мехуранд. Хурокии аз Ю. тайёр Шуда 70—80% хазм мешавад. 100 кг баргу пояи сабзи Ю. баробари 21,7 вохиди хуроки ва 4,1 кг протеини хозим аст. 1 кг Ю.-и хушк баробари 0,52 вохиди хуроки буда, 136 г протеини хозим, 90 мг каротин, 14 г калций ва фосфору витаминхои гуногуни зиёде дорад. Протеини хозими Ю. назар ба растанихои хушадор 2,5—3 баробар зиёд аст. Ватани Ю. Эрон, доманаи кух ва куххои Осиёи Миёнаю Кавказ аст. Ю.-ро дар Осиёи Миёна такр. 5 хаз. сол то м. мекоштанд. Такр. 2—2,5 хаз. сол то м. онро ба Юнони Кадим, Рим ва Африкаи Шимоли оварданд. минбаъд дар Европа, Америкаи Шимолию Чануби, Австралия маъмул шуд. Юнучкакори дар ШМА, Аргентина ва Хиндустон вусъат ёфтааст. Дар СССР Ю.-ро асосан дар нохияхои чануб мекоранд. Вай дар киштгардони пахтаи заминхои оби ахамияти калон дорад. -Ю. зироати мухиммест, ки хокро хосилхез мегардонад. Дар решаи он лундачахои бактериявии азотандуз хосил мешаванд. Баъд аз 2 соли кишт дар хар га замин то 18 т решаи Ю. боки мемонад ва 250— 300 кг нитроген (азот) гун мегардад. Дар шароити намию гармии кофи хосили фаровон медихад. Ю.-ро дар хокхои хосилхези нохияхои лалмикор 2—3 бор (аз хар га 60—90 ц хасбеда) ва дар заминхои оби 4—7 маротиба (аз хар га 200—250 ц хасбеда) дарав мекунанд.

Дар шароити Точикистон махсусан Ю.-и боги ё мазруъ (М. Sa-Пуа, ниг. расм) хуб месабзад.

ДаР республика асосан навъхои «Вахш 233». «Вахш 300» ва кисман «Тошкент 721»-ро мекоранд. Мухлаи кишти Ю. ба навъи хок, шароити обу хаво ва минтакаи парвариш вобаста аст. Ю.-ро дар минтакахои Вахшу Кулоб миёнаи февр,— авв. март, дар заминхои лалмии водии Хисору вил. Кулоб нимаи дуюми март.—авв. апр., дар гурухи р-нхои Гарм нимаи дуюми апр.— авв. май кишт мекунанд. Мухлати хуби кишти тирамохии Ю. дар гурухи р-нхои чануби дахаи дуюми сент.—авв. окт., дар вил. Ленинобод ва водии Хисор авв. сент. ох. дахаи дуюми сент. мебошад. Тухми Ю.-ро асосан бо усули катории яклухт (байни каторхо 8—15 см) дар чукурии 1,5—2 см (ба хар га 16—18 кг) мекоранд. Ба хар га замини оби пеш аз шудгор 250—300 кг, дар заминхои лалми 120 —150 кг суперфосфат меандозанд. Ю.-ро барои хошок дар давраи гунчабанди — ибтидои гулкуни, барои тухми хангоми сиёхтоб шудани 60— 75% гилофакхо медараванд. Дар к-зхои «50-солагии СССР» (Шахртуз), «Маданият», «Рохи Ленин» (Панч), ба номи В. И. Ленин (p-ни Турсунзода) ва ба номи Домулло Азизов (Хучанд) аз хар га юнучказорхои оби 110—150 ц хасбеда мегиранд. С. 1980 дар Точикистон ба 152,6 хаз. га (93,8 хаз. га оби) Ю. киштанд.

Зараррасон ва касалихои Ю. Ба юнучказор ганданафасаки юнучка, баргхураки юнучка (фитономус), тухмхурак (брухофагус), гулхураки юнучка, тихпуси тухмхурак, кирми юнучка, ширинча ва г. зарар мерасонанд. Ю. бештар ба касалихои догзании барг, аскохитоз, гардзани ва г. гирифтор мешавад. Чорахои мубориза ва пешгири: Ю.-м навро аз юнучказори кухна 500 м дуртар киштан, ба юнучказор пестицидхо ва фунгицид пошидан лозим аст. Ба хосили Ю. растанихои паразит (захрпечак) зарари калон расонда метавонанд. Барои пешгирии он юнучказори зарардидаро то гул кардани захрпечак паст даравида нест мекунанд, заминро чукур шудгор карда, гербицидхо мепошанд.

Ад.: Люцерна, М., 1964.

Х. Кахорова.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …