Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УНСУРИ Абулкосим Хасан ибни Ахмад

УНСУРИ Абулкосим Хасан ибни Ахмад

УНСУРИ Абулкосим Хасан ибни Ахмад (такрибан 968, Балх—1040), шоири форс-точик. Тахсили ибтидои ва мадрасагиро дар зодгохаш гирифтааст. Баъди тахсил дар дарбори султон Махмуди Газнави ва писараш — султон Масъуд хидмат кардааст. Маликушшуаро буд, вале дар охири умр аз ин вазифа ва хидмати дарбор даст кашид.
Унсури асархои зиёде таълиф кардааст. Авфи се достони у — «Шодбахр ва Айнулхаёт», «Вомик ва Азро», «Хингбут ва Сурхбут»-ро ном бурдааст. Аз достонхои Унсури то замони мо байтхои пароканда расидаанд. «Вомик ва Азро» дар бахри мутакориб, ду достони дигар дар бахри хафиф таълиф шудаанд. Мабдаи сюети «Вомик ва Азро»-и Унсури юнонист. Унсури нахустин ва бехтарин назмкунандаи ин достон аст. Равияи эчодии хар се достони Унсури романтики буд, вале дар «Вомик аз Азро» унсурхои реалисти низ ба назар мерасанд. Гавр аз достонхои мазкур Унсури девони ашъор доштааст, ки дорон 30 хазор байт будааст, вале аз ин девони мукаммали у холо 3 хазор байт дастрас гардидааст, ки аз касоид, рубоиёт, китаот ва абёти парокандаи касидахову маснавихо иборат аст. Касидахои Унсури чун намунахои бехтарини назми мадехавии он давра шухрат ёфтаанд. Ба мазмуни мадхи ва аз чихати гояви паст будани онхо нигох накарда, касоиди Унсури ахамияти зиёди адаби ва таърихи доранд. Дар онхо махсусан кисмати ташбиб чолиб аст. У дар ташбибхо ба мавзуъхои васфи табиату бахори зебо, тасвири мавзарахои дилнишин, гулу лола, чах-чахи булбулону навои мургони хушхои, мавзуъхои ишки, тасвири хусну чамоли маъшука, ахволи ошик ва гайра даст задааст. Дар ташбибхои касоиди Унсури васфи чашнхои кадимии ниёгони халки точик — Навруз, Мехргон, Сада ба таври фаровон дучор меоянд. Ин равияхо дар эчодиёти давраи пиронсолии Унсури боз хам ривоч гирифтаанд. Ахамияти дигари касоиди Унсури дар нигахдошту сабти вокеоти таърихи ва ичтимоию сиёсии замонааш мебошад. Дар касоиди Унсури панду ахлокомузи, таргиби хукмронии одилона, даъвати подшох ба чуду карам ба назар мерасад. Унсури дар газал ба сабки шеъри асри 10, махсусан ба эчодибти Рудаки таклид кардааст. Худи Унсури инро эътироф намудааст:
Газал рудакивор неку бувад.
Газалхои ман рудакивор нест.
Агарчи бикушам ба борик вахм,
Дар ин парда-андар маро бор нест.
Кисмати чолиби диккати эчодиёти Унсури рубоихояш мебошанд, ки дар онхо оханги эчодиёти халки, равониву соддабаёни ва инчунин таъсири сабки шеъри асри 10 дида мешавад. Масалан:
Ру поктар аз замири содик дори,
Зулфайни сиях чун дили фосик дори.
Вар хештанам бад-ин ду ошик дори,
Муъмин сухану вафо мунофик дори.
Равияи назми огози асри 11, ки намояндагони бузурги он Манучехрию Фаррухи буданд, дар эчодибти Унсури низ намоён аст. Дар ашъори Унсури таъбиру суханони нозуку дилкаш хеле зиёданд. Унсури аз санъатхои бадеи — ташбех, тачнис, суолу чавоб, баргардониш, талмех ва гайра мохирона истифода кардааст. Дар ташбиб ва газалхои Унсури, бо вучуди самими ва равон будани ифода, баъзан образхои зехниго мантики рох ёфтаанд, ки ин ба мучаррадбаёни оварда динамикаи ходисоту вокеоти тасвирёфтаро суст кардааст. Макоми Унсури дар таърихи адабиёти форс-точик баланд аст. Ба эчодиёташ адабиётшиносон, тазкиранависони асримиёнаги (Давлатшохи Самарканди ва дигар) бахои баланд додаанд.
Осор:
Адабиёт: Бертелс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, Москва, 1960; Османов М. -Н. О., Частотныи словар Унсури, Москва, 1975; Абдуллоев А., Адабиёти форсу точик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе, 1979. А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.