УНИВЕРСИТЕТХОИ МАРКСИЗМ-ЛЕНИНИЗМ, Университетхои шабонаи марксизм-ленинизм, яке аз шаклхои звепои олии таълими сиёси дар системаи маорифи партиявист. Мухлати тахсил 2—3 сол. Хайати шунавандагони Университети марксизм-ленинизмро комитетхои КПСС, ки университетхо дар назди онхо ташкил шудаанд, мукаррар мекунанд. Ба Университети марксизм-ленинизм аъзоёни партия, комсомолон ва фаъолони бепартиявии бештар маълумоти олидор бо тавсияи ташкилотхои ибтидоии партияви кабул карда мешаванд. Университети марксизм-ленинизм 3 факултет (умуми, фаъолони партиявию хочаги ва пропагандисти) доранд. Шунавандагон таърихи КПСС, иктисоди сиёси, материализми диалектикию таърихи, коммунизми илми, масъалахои сиёсати иктисодии КПСС дар давраи хозира, масъалахои ндораи истехсолот, сохтмони партиявию совети, адабиёту санъат, асосхои конунгузории совети, психологияи чамъияти, сиёсати берунии СССР ва муносибатхои хозираи байналхалкиро меомузанд. Университети марксизм-ленинизм мувофики планхои тасдиккардаи КМ КПСС амал мекунанд.
Баъди хатми тахсил ба шунавандагон диплом медиханд. Университети марксизм-ленинизм дар СССР аз соли 1938 боз вучуд доранд. Дар Точикистон Университети марксизм-ленинизм бори аввал соли тохсили 1943—44 дар назди Комитети партиявии шахри Сталинобод ташкил ёфт. Университети марксизм-ленинизм холо дар назди комитетхои партиявии вилоятхои Ленинободу Кулоб низ амал мекунанд.
Соли тахсили 1982—83 дар Университети марксизм-ленинизми Точикистон 2065 шунаванда (1526 нафар аъзои КПСС) тахсил намуд. И. Салохиддинов.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …