Маълумоти охирин

ТУТИ

ТУТИ, тутихо (Рsittaciformes), як назъ паррандаи хушрангест. Дарозиашон аз 9,5 см то 1 м. Рангашон сабзи бо сурху кабуд омехта, баъзан сиёх ё хокистари; нарина ва модинаашон ба хамдигар шабохат доранд. Нулашон гафс, чанголхояшон пуркувват буда, ангуштони 1 ва 4-умашон ба кафо тоб хурдаанд. Аксари Тути паррандагони тезпарвозанд; баъзе намудхояшон (Реzoporus walicus ва Strigops hаdгорtilus) парвоз намекунанд.

tuti

Тути 1 оила (316 намуд) дошта, бештар дар хамворихо ва баъзан куххои субтропикиюо тропикихои харду нимкура (дар Америка аз 40° а. ш. то 54° а. ч.) пахн шудаанд. Дар ковокихои дарахтон, термитхонахо, чойхои кафидаи шаххо, чарихо ва баъзеашон дар руи замин лона сохта, 1—12 (бештар 2—5) тухм мегузоранд, ки баъди 3 хафта аз онхо чуча мебарояд. Гизояшон мева, тухм ва мугчаи растанихо, баъзан хашаротхо мебошад. Тути аз як тараф растанихоро гардолуд ва тухми онхоро пахн намуда фоида меоварад ва аз тарафи дигар ба киштзору богот зарар мерасонанд. Баъзе Тутии таклидкунандаро (масалан, Аgapornis, Тутии мавчдор, жако, какаду ва гайра) дар кафас нигох медоранд. Тути баъзан бемории сироятии пситтакозро, ки барои одам хотарнок аст, пахн мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …